Ман ба ин ақида розиям, ки модар «чароғи хонадон» асту падар «офтоби хонадон». Модар фарзандро ба дунё меорад, падар вазифаи саробони хонаро ба дӯш дорад, сутуни қавию мустаҳками кошона ва ризқрасону нафърасони оилаи мост.
Фарзанд болои кафи дасти онҳо бузург мешавад, падару модар фарзандро баробар дӯст медоранд. Модар ба ҳазор умед дар гӯши фарзанд суруди алла мехонаду падар дасти кӯчакашро гирифта, бо орзу қадамҳои нахустинашро мешуморад, ба ҷодаи ҳаёт роҳнамоӣ менамояд. Маҳз макони зисти аввалини инсон, хонаи гарми падар чун гавҳораи ноз дар хотири кӯдакон абадан нақш мебандад. Дар васфи падару модар бузургони адабиётамон шеърҳои зиёде гуфтаанд.
Падар барои ҳар фарзанд, бо вуҷуде, ки ҷиҳати камолоташ заҳмати зиёд мекашад, инчунин, устоду мураббӣ аст. Падар фарзандро ҳамеша бо роҳи рост ҳидоят мекунад, вай таманнои онро дар дил дорад, ки ҷигарбандаш дар оянда номбардораш шавад. Ин маъниро шоири классикамон Абдулҳасани Фаррухӣ чунин ифода кардааст:
З-он ки устоди ту андар ҳама
коре падар аст,
Чун падар гаштӣ, андар ҳама
коре устод.
Нақши падар дар оила ва ташаккули шахсияти инсон хеле бузург ва мондагор аст. Мардон дар ҳар давру замон бо вуҷуди иҷрои вазифаи падарӣ чун шермардон ватанро ҳимоятгаранд. Аксари падарони мо дар корзори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат варзида, чандин шермарди дигар дар барқарор кардани ҳукумати конститутсиониамон иштирок намуда, бароямон чунин рӯзгори хуррамро муҳайё намудаанд. Амалҳои ватандӯстонаи онҳо сазовори таҳсин аст, моро водор менамояд, ки ватани худро боз ҳам азиз дорем, дар ҳимояи марзу бумаш, агар лозим шавад, ҷони худро дареғ надорем. Месазад, ки суханони пурҳикмати Шайх Саъдиро ёдовар шавем:
Зинҳор ба ҳирфати падар кӯш!
Дар дидаи мардум аз ҳунар ҷӯш,
Ҳар ҷо, ки равӣ, писанд ойӣ,
Пеши ҳама сарбаланд ойӣ!
Ҳарфҳои Шайх Саъдиро ёдовар мешавем: «Туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагӯянд падарат кист?!». Ё ин ки ин бузургворе чунин мегӯяд:
Мероси падар хоҳӣ, илми падар
омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон
кард ба ду рӯз.
Умуман, нақши падар дар ташаккули шахсияти инсон бениҳоят бузург мебошад. Ҳақ бар ҷониби суханвари хушкаломамон Тошхӯҷа Асирист, ки заҳматҳои шабонарӯзии падарро воқеӣ ба қалам додааст:
Намак дар комҳо ширинтар аз
шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар
мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ
дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар
дасти падар гирад.
Нигина ТАЛБАКОВА
омӯзгори забон ва адабиёти
тоҷики дар муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр