Нашрияи Омӯзгор

Ифтихор кам, ҳифз мебояд

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар ҷаҳони муосир сол то сол масъалаи таъминоти об мушкилтар ва печидатар гардида истодааст. Шаҳришавӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барон таъмини истифодаи мақсадноки об омилҳоеанд, ки мушкилоти марбут ба обро шадидтар месозанд.

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” инсондӯстонаву оқилона ва саривақтӣ буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ, экологӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барқарор намудани сулҳ байни давлатҳои ҷангкунанда нақши бузург бозида метавонанд. Зеро об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам, захираи бузургест, ки мавҷудияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама аз об вобастагӣ дорад. Ҳар як фарди сайёра аз ин неъмати табиат доимо истифода мебаранд, аз ин рӯ, вазифадор аст, онро муҳофизат кунад ва оқилона истифода намояд.

Дар Тоҷикистон обҳои минераливу зеризаминӣ бисёранд: 150 чашма, ки ҳамаи онҳо шифобахш мебошанд: масалан, Хоҷаобигарм, Оби гарм, Ҳавотоғ, Анзоб, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Чилучорчашма ва монанди инҳо. Ғайр аз ин, дар кишвар зиёда аз 60 обанбори сунъӣ сохта шудааст: мисли Норак, Қайроққум, Сарбанд, Бойғозӣ ва ғайра, ки барои истеҳсоли қувваи барқ ва рушди соҳаҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ, чорводорӣ моҳипарварӣ, парандапарварӣ истифода бурда мешаванд. Мо вазифадорем, ки инро донем, ба шогирдон фаҳонем ва дар ҳифзи ин муқаддасот таъсир гузорем.

Маратҷон ҶАББОРОВ,

донишҷӯи ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Fафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш