Мехоҳем донем, ки дар як – ду соли охир номи кадом шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон иваз шудааст? Ҳадафи тағйири ном карданҳо чист?
Саидмурод БОҚИЕВ,
Давлатманд АЗИЗОВ,
омӯзгорони таърих аз шаҳри Турсунзода
Соли 2016 тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия ва имзо шуда буданд, номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ба тариқи зайл иваз шуданд: Ноҳияи Ҳисор – шаҳри Ҳисор; ноҳияи Тавилдара – ноҳияи Сангвор; ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш; ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – ноҳияи Чалолиддини Балхӣ; ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ; ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун; ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин; шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон; шаҳри Чкалов – шаҳри Бӯстон; ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич; обанбори Қайроққум – обанбори «Баҳри Тоҷик».
Ҳамчунин, «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (с.2013, саҳ.12) тақозо дорад, ки номи ҷуғрофии Шаҳритуз дар шакли Шаҳритус навишта шавад.
Соли гузашта шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кушониён ва ноҳияи Сарбанд ба ноҳияи Левакант тағйири ном карданд.
Тағйири номи шаҳру ноҳияҳо мутобиқи моддаҳои 10, 18 ва 19 – и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои манзилию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» бо пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад.
Мақсад аз тағйири номи шаҳру ноҳияҳо ва обанбори дар боло номбурда амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум доир ба барқарор кардани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирифтани хосиятҳои маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ ва хусусан, бедор намудани хотираи таърихии насли ҷавону навраси кишвар аз фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тоҷик мебошад.
Таҳияи Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр