Матбуоти тоҷик таърихи беш аз садсола дошта, муҳаққиқони тоҷик кӯшиш менамоянд, ки паҳлуҳои норавшани онро таҳлилу баррасӣ намоянд. Матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун неруи пешбарандаи давлат барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии мардум хизмат мекунад. Яке аз мавзӯъҳое, ки то ҳол ба таври густурда мавриди таҳқиқ қарор нагирифта буд, матбуоти маҳаллӣ ба ҳисоб мерафт.
Хушбахтона, бори аввал ин мавзӯъ аз тарафи муҳаққиқи пуркор Абдулмумин Қутбиддинов ба риштаи пажӯҳиш кашида шуд. Китоби нави номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДМТ Абдулмумин Қутбиддинов бо номи «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» аз чоп баромад. Китоби мазкур аввалин рисолаи илмӣ вобаста ба таърихи пайдоиш, мундариҷаву мавзӯъ, хусусиятҳои жанрӣ ва дигар паҳлуҳои аносири ҳунарии матбуоти маҳаллӣ мебошад. Албатта, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни матбуоти маҳаллӣ муҳаққиқони тоҷик андешаҳо ироа карда буданд, лекин ба таври мукаммалу фарогир, дар шакли китоби алоҳида ин мавзӯъ таҳқиқ нагардида буд. Бояд қайд кард, ки матбуоти маҳаллӣ гаҳвораи тавлиди матбуоти ҷумҳуриявӣ буда, дар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва худшиносии аудиторияи маҳал ҳамчун фишанги идеологӣ хизмат мекунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ матбуоти маҳаллӣ дар бархӯрдҳои иттилоотӣ нақши боризу муҳим дошта, мавқеъ ва мақоми шоистаро касб кардааст. Муаллиф бо омӯзиши амиқу фарогир тавонистааст паҳлуҳои норӯшани матбуоти маҳаллиро инъикос намояд.
Китоби «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» ҷолиб буда, хонандаро зина ба зина ба раванди пайдоиши матбуоти маҳаллӣ дар ҷаҳон ва ҳамин тавр дар Тоҷикистон ошно месозад. Таҳқиқи А. Қутбиддинов бештар дар муқоиса ба матбуоти маҳаллии Россия сурат гирифтааст, зеро маҳз дар тӯли 70 соли мавҷудияти ҳукумати Шӯравӣ матбуоти маҳаллӣ дар кишвари мо шакл гирифтааст. Гарчанде чопи аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ ба соли 1912 рост меояд, вале рушди матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон баъди Инқилоби Октябр воқеъ шудааст. Дар ин давра матбуоти маҳаллӣ вазифаи омӯзгорро иҷро ва дар саводнок гардонидани мардум хизмат мекард. Ба таъкиди муҳаққиқон, аввалин матбуоти маҳаллии Тоҷикистон «Ҳақиқати Суғд» мебошад, ки 25–уми марти соли 1930 бо номи «Роҳи колхозӣ» таъсис ёфтааст, ки онро модари матбуоти маҳаллии Тоҷикистон номидаанд. Ба таъбири пажӯҳишгар, дар соли 1940 теъдоди умумии матбуот 83 ададро ташкил медод, ки соли 1948 он ба 60 номгӯй поин фуромадааст. Аз ҷумла, дар ин муддат 9 номгӯйи нашрияи маҳаллӣ кам гардидааст, ки он ба мушкилоти баъдиҷангии мамлакат алоқамандӣ дошт.
А. Қутбиддинов дар китоби мазкур таърих ва анъанаҳои матбуоти маҳаллиро таҳқиқ намуда, инкишофи матбуоти маҳаллии Тоҷикистонро ба чунин давраҳо тақсим намудааст:
1). Аз давраи таъсиси ҶШС Тоҷикистон то солҳои 1950;
2). Аз соли 1950 то соли 1990;
3). Аз соли 1991 инҷониб.
Таҳлилу омӯзиш муҳаққиқро ба хулосае овардааст, ки давраи дуюм маҳз дар инкишофи матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Дар ин давра матбуоти маҳаллӣ ба фишанги асоси қавии тарғиботу ташвиқоти идеологӣ табдил ёфта, бо теъдоди зиёд, ҳафтае аз 3 то 5 маротиба нашр мешуд.
Дар даврони истиқлолият низоъҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ монеи рушди ин типи матбуот дар кишвар гардид. Имрӯз бошад, матбуоти маҳаллӣ давраи гузаришро аз сар мегузаронад. Омӯзиши амиқ ва таҳлили васеи матбуоти маҳаллӣ ба муҳаққиқ имкон додааст, ки нақши матбуоти маҳаллиро дар баланд бардоштани маърифатнокӣ ва рушди маҳал нишон бидиҳад. Шоистаи таъкид аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳудуди 90 нашрияи маҳаллӣ ба нашр мерасанд, ки бештари онҳо шароити хуби корӣ ва фаъолияти густурда надоранд. Теъдоди нашри ин навъи матбуот кам аст. Дар гузашта матбуоти маҳаллӣ дар тайёр намудани журналистони ҳирфаӣ саҳми бориз мегузоштанд, ки имрӯз ин рисолати худро аз даст дода, таваҷҷуҳи насли ҷавон ба ин навъи матбуот камтар ба назар мерасад.
Матбуоти маҳаллӣ дар кишварҳои пешрафта муҳит ва ҷойгоҳи худро ёфта, ҳатто аз матбуоти ҷумҳуриявӣ хонандаи бештар доранд. Бояд гуфт, ки матбуоти маҳаллӣ дар муҳитсозӣ ва пешрафти давлат дар ҳама ҷабҳаҳо мусоидат карда метавонад. Мутаассифона, кормандони нашрияҳои маҳаллӣ дар ҷолибсозии нашрияҳо кӯшиш намекунанд ва дар қолаби шахшудае, ки аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, фаъолияти худро идома бахшидаанд. Баҳри беҳтар намудани ин нашрияҳо муаллифи китоби «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» ба ин андеша аст, ки: «Матбуоти маҳаллӣ ниёз ба беҳтар кардани самтҳои маркетинг ва менеҷмент, иқтисоди ВАО, психологияи ВАО, сотсиологияи ВАО, методикаи фаъолияти журналистӣ, омӯзиши аудитория ва амсоли инро дорад». Муҳаққиқ гузаронидани мониторинги матбуоти маҳаллиро аз ҷониби матбуоти марказӣ яке аз омилҳои густариши матбуоти маҳаллӣ меҳисобад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобат намудани матбуоти маҳаллӣ бисёр мушкил аст. Зеро имрӯз имкони васеъ барои аудитория ба вуҷуд омадааст, ки иттилои сареҳро сари вақт тавассути интернет аз оҷонсиҳои иттилоотӣ ба даст меорад. Феълан матбуоти маҳаллии мо асосан ҳафтаина ва дар як моҳ ду маротиба нашр мешаванд. Ин матбуот яке аз хусусиятҳои вижаи худ - сари вақт пешниҳод кардани иттилоотро аз даст додааст. Ҳол он ки иттилоъ меҳвари фаъолияти ҳамагуна матбуотро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, коҳиш ёфтани матбуоти маҳаллӣ аз сатҳи паст чоп гардидан, хабарро сареҳ пешниҳод накардан ва маводи ҷолиб надоштани онҳо вобастагӣ пайдо кардааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки матбуоти маҳаллии имрӯз рисолати азалии худ, инъикоси мушкилоту камбудиҳои маҳалро иҷро намекунад ва бо ҳисоботи дилгиркунанда, ки ба рӯзнома ва маҳорати журналистӣ хос нест, мавқеи худро аз даст дода истодааст. А. Қутбиддинов зикр намудааст: «Умумигӯии корманди нашрияи маҳаллӣ ба маротиб боло рафтааст. Набудани таҳқиқ ва мушоҳидаи ҳамаҷониба мавқеи муаллифро хеле коста намудааст. Неруи ҳар яке матолиб, ин дар навбати аввал ба мавқеи муаллиф робита дорад. Имрӯз муаллиф наметавонад дар нишон додани симоҳо нақш дошта бошад. Сурати нақлӣ ва маълумотӣ ҷои дар саҳнаҳо нишон додани қаҳрамонҳоро гирифтааст. Услубу сабки муаллифон ба маълумотнома монанд шудааст. Ҳунар ва аҷзои созандаи жанрҳои алоҳида моҳияти худро гум кардаанд. Сабку услуби бадеии жанрҳои алоҳидаи матбуотӣ, ки як замон табиати ҷоизи матолибро таъмин менамуд, қариб аз байн рафтааст. Имрӯз ба шеваи хеле осон нашрияҳо аз матолиби таҳиягашта истифода мебаранд».
Маълум мегардад, ки муҳаққиқ мавзӯи мазкурро солҳост пайгирӣ ва таҳқиқ намудааст. Таҳлили васеи нашрияҳои маҳаллӣ бори аввал ба шакли мукаммал бо тамоми паҳлуҳо дар асари мазкур баррасӣ гардидааст. Аз услуби шеваи нигориш дар рӯзномаҳои маҳаллӣ интиқод намуда, робитаи қавӣ надоштани матбуоти маҳаллиро бо аудитория низ матраҳ кардааст. Яке аз воситаҳои ҷалб намудани аудитория дизайни рӯзнома мебошад. Мутаассифона, дар матбуоти маҳаллии кишвари мо ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда намешавад. Дар китоби «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» қайд гардидааст, ки имрӯз аксҳо, сарлавҳаҳо, тарзи ҷобаҷогузории матолиб, шакли ранга, коғази аълосифат, карикатураҳо, инфографикаҳо, ҳар гуна ҷадвалҳо ва амсоли ин дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ ба андозаи кам бошад ҳам, ҳамчун ҷузъиёти ороиши рӯзнома ба кор бурда мешаванд. Зиёда аз ҳаштод фоизи матбуоти маҳаллии кишвари мо ҳанӯз ба таври густурда ба дизайни рӯзнома эътибор намедиҳанд. Набудани рақобат миёни рӯзномаҳои маҳал, шароити пасти иқтисодӣ ва касбӣ дар ин самт чун монеаи асосӣ боқӣ мондааст.
Аз мутолиаи асар бармеояд, ки пажӯҳишгари тавоно А. Қутбиддинов моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллии кишварро ба таври барҷаста ба риштаи таҳқиқу таҳлил кашидааст. Бартарии таҳқиқи муаллиф дар он зоҳир мегардад, ки ӯ бо усули муқоиса бо дигар кишварҳо рушди матбуоти маҳаллии Тоҷикистонро нишон медиҳад. Ин гуна баҳогузорӣ ба муаллиф имкон дода, ки роҳҳои баромадани матбуоти маҳаллиро аз рукуд ва рушд бахшидани матбуоти кишвар муайян намояд. Ӯ андешаашро бо иқтибосоти муҳаққиқони журналистикаи ватаниву хориҷӣ тақвият мебахшад, ки ҷиҳати илмии навиштаашро таъмин намудааст.
Китоби Абдулмумин Қутбиддинов «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» ба пажӯҳишгарону омӯзгорони журналистика, донишҷӯёну алоқамандони соҳа ва доираи васеи хонандагон ҳамчун дастури роҳнамо дар шинохти матбуоти маҳаллӣ хидмат мекунад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр