Дар китоби «Забони модарӣ» барои синфи 4 матнҳое интихоб шудаанд, ки бо муҳтавои баланду шавқангези худ ҷолиб буда, ҳамзамон, дорои аҳамияти муассири тарбиявӣ мебошанд. Бахусус, ҳангоми гузаштани мавзӯи «Истифодаи пайвандакҳо дар нутқ» ҳикояти халқие бо номи «Шоҳи гилембоф» ҷой дода шудааст, ки ҳадафи омӯзанда дорад.
Ин ҳикоя (дурусттараш афсона) хеле шавқовар аст. Дар афсонаи мазкур муколамаи (диалоги) қаҳрамонон мавқеи муҳим дорад, ки аҳамияти бадеию таъсирбахшии онро дучанд намудааст. Ман ҳангоми баёни мавзӯи нав аз таҷрибаи дерини худ истифода карда, ба ҳеч ваҷҳ афсонаро ба пуррагӣ чун ровии садову симо нақл намекунам. Усули муносибати босалоҳият ба таълим тақозо мекунад, ки хонанда мавзӯъро худ омӯхтаву дарк намуда, дар лаҳзаҳое, ки дар фаҳмиши ину он паҳлуву ҷузъиёт душворӣ мекашад, аз омӯзгор мадад бипурсад. Аз ин рӯ, аввалан матни афсонаро мехононам. Ҳар як хонанда се-чор ҷумла аз афсона мехонаду зуд порчаи хондашударо нақл мекунад. Агар ин хонанда дар нақли порчаи хондашуда оҷизӣ кашад, он аз хонандагони дигар пурсида мешавад. Рафту хонандагон ҳам дар баёни нақли афсона душворӣ кашанд, он гоҳ ба онҳо бо суолҳои сода муроҷиат мекунам:
Аз қабили «Чӯпон рамаи киро нигоҳубин мекард»?, «Подшоҳ аз чӯпон чӣ мехост»?, «Духтари чӯпон ба подшоҳ кадом шартро гузошт?, «Чаро подшоҳ ба гилембофӣ рӯ овард?» ва ғайра. Моҳияти баланди тарбиявию ахлоқии афсонаи «Шоҳи гилембоф» дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳама давру замон пулу молу сарват аз байн меравад, вале ҳунар, ки аз қавли Саъдии бузургвор, «чашмаест зоянда» ба ҳеҷ ваҷҳ маҳв намегардад. Баръакс, ҳунарманд тавассути ҳунару касби хеш соҳиби обрӯ ва писанди мардум мегардад.
Дар афсона нақл мешавад, ки подшоҳ ба хотири ба занӣ гирифтани духтари чӯпон устодони ҳунармандро ҷустуҷӯ ва дарёфт карда, маҳорату нозукиҳои гилембофиро омӯхта азхуд мекунад. Бояд зикр намуд, афсона бо он шавқовар аст, ки воқеаву ҳодисаҳои ногаҳонӣ дар он рух медиҳад, ки хоҳ-нохоҳ таваҷҷуҳи шогирдонро ба худ ҷалб мекунанд.
Бубинед, дар қисми аввали афсона дуздон ба подшоҳ ҳамла мекунанд ва аз ҳунари гилембофии ӯ огоҳ шуда, маҷбураш мекунанд, ки вай шабу рӯз ба гилембофӣ машғул гардад. Ва подшоҳ дар фосилаи панҷ рӯз гилеми зебое бофта, ба онҳо меорад, ки дуздон гилемро ба нархи гарон ба савдо мезананд. Яъне, дар афсона фикре хотиррасон ва таъкид мешавад, ки ба василаи ҳунари дастони ӯ боиси саодатмандии мардумон мегардад. Эпизод ё лаҳзаи ҷолиби дигар дар афсона ин дар байни гулҳои гилем нақши муҳри подшоҳии худро дӯхтан (ё бофтани) подшоҳ мебошад, ки низ шавқовару ҷаззоб маҳсуб меёбад. Маҳз аз нақшаи муҳри подшоҳ устоди ӯ дар бозор ҷойи будубоши подшоҳро меёбад ва дуздонро ба зиндон мепартояд. Дар раванди дарс маъмулан аз тафсири калимаю луғати душворфаҳм истифода мекунам. Аз ҷумла: ҷаллод – кушанда, гилем-қолин. Ҳамзамон, ба шогирдон муродифи дигари вожаҳо, амсоли подшоҳ–шоҳ–султон–малик-шоҳаншоҳ, зебо-қашанг, ганҷ-симу зар, гадо-дарвеш, сарбозон-аскарон, дуздон-ғоратгарон, ҳамла кардан-ҳуҷум кардан, рафиқ-дӯст ва ғайраро тавзеҳ мебахшам.
Бибиҷон Шамсова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр