Нашрияи Омӯзгор

Омодасозии кӯдакони дорои нутқи ноқис ба таълим

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Давраи ибтидоии омӯхтани талаффуз ва савод (соли аввали таълим) ба хонандагоне дахл дорад, ки  нутқ доранд, аммо захираи луғавиашон кам аст.

Вақте ба чунин кӯдакон расмҳоро нишон медиҳем, баъзе аз онҳо калимаҳоро нодуруст талаффуз мекунанд ё ба хотир гирифта наметавонанд. Масалан: ба ҷои хирман - химар ё ба ҷои чашма – чама, верблюд –блюю, велосипед –висипед ё вспед, троллейбус - таравебус мегӯянд, ки бо андак заҳмат ин нуқсро рафъ намудан мумкин аст. Ё дар баъзе мавридҳо партофтани  ҳиҷоҳо ё баъзе овозҳо аз ҳама бештар  дар кӯтоҳ кардани ҳамсадоҳо дида мешавад. Масалан, дар дарси забони русӣ кӯдак ба ҷои калимаи кубики- туби; ба ҷои молоко – мокко; ба ҷои брови- бови; ба ҷои стол- толь; ба ҷои свинья- сина, финна; ба ҷои ружьё - ружо мегӯяд. Дар ҳолатҳои дигар вайронкунии мураккаби калима мушоҳида карда мешавад, ки дар натиҷа мазмун иваз мешавад, мисол: трактор- тратко; сковород- скаркава; капуст- татуст; свекла- летка, свойка; кастрюля- слюика ва ғайраҳо.

Як қисми бачаҳо ба  калимаи пеш талаффуз кардаашон сахт «часпида»,  аз вай дил канда наметавонанд. Мисол, яке аз онҳо калимаи «қуфл»-ро ба забон меорад, пас ба ӯ супориш дода мешавад, ки калимаи навро ба забон биёрад, вале ӯ пай дар пай «қуфл» гуфтан мегирад ва лабҳояшро меҷунбонад, гӯё чизеро кофта истодааст. Нуқсашро мефаҳмад, аммо аз вазъият раҳоӣ ёфта наметавонад. Дар ин маврид ӯ танҳо бо ёрии оина ва қувваи босира талаффузи дурустро ёд гирифта метавонад.  Баъзеи онҳо  чизи шунидаро барои дар хотир нигоҳ доштан душворӣ мекашанд. Танҳо як ду элементро дар хотир нигоҳ медоранду халос. Чунин кӯдакон калимаҳоро пай дар пай, ё ба тартиби муайян  такрор карда наметавонанд. Махсусан, дар талаффузи ҳарфҳои қ, ҳ, ҷ, з, ш, ж ва ғайра мушкилӣ мекашанд.

Бояд тазаккур дод, ки кӯдакон ба мактаби логопедӣ одатан танҳо баъди дар мактабҳои умумӣ таҳсил карда натавонистан меоянд. Як сол дар синфи 1-и мактаби умумӣ таҳсил намуда, пас ба мактаби логопедӣ меоянд, ки на хонда метавонанду на навиштан. Ҳолатҳое низ мушоҳида мегардад, ки чунин кӯдакон танҳо навиштани баъзе ҳарфҳоро ёд мегиранду  халос. Вале набояд фаромӯш кард, ки  асоси донистани забони модарӣ инкишоф додани нутқи шифоҳист.  Аз ин рӯ, гуфтугӯ карда тавонистан, сухандон шудан танҳо бо заҳмати мутахассисони соҳа, аз ҷумла, омӯзгори логопед имконпазир мегардад.

Барои ин усулҳои гуногун таълим  ҷиҳати  инкишофи нутқ, аз ҷумла, гӯш карда тавонистани кӯдак ба сухани дигарон, фаҳмидани мазмун, муайян кардани моҳияти калима, ашё ва ғайраҳо истифода карда мешаванд.

 Бо ин гуна кӯдакон  логопед бояд бештар аз иҷрои машқҳои умумӣ истифода барад. Ба ин гуна машқҳо, ки ба инкишофи нутқ, мустаҳкамкунии хотира мусоидат мекунад, мавзӯъҳои «Синфи мо», «Кӣ номи мева ва ранги онҳоро медонад?», «Кадом ҳайвон чӣ гуна хӯрок мехурад?», «Бигӯ, дар сумкаат бояд чӣ гирӣ?» ва ғайраҳо буда метавонанд.

Мушоҳида мегардад, ки кӯдакони нутқашон қафомонда дар дарси варзиш ба супориши «Зонуҳоятро қат кун» ё дарси меҳнат  дар вақти кор бо коғаз супориши «Як парчаро қат кунед» сарфаҳм намераванд. Дар чунин ҳолатҳо дар ибтидо бояд аз расмҳо васеъ истифода бурд. Дар аввал расмҳое бояд интихоб шаванд, ки  чандон мураккаб ва одамони дар он ифодагардида зиёд набошанд. Яъне,  расмҳо бояд ба ҳаёти онҳо наздик бошанд.  

Тамоми тадбирҳое, ки зикр кардем бо мақсади ислоҳ бахшидан ба забон, гуфтор, хотира, талаффуз ва инкишофи нутқи бачагони дорои нуқсдошта гузаронида мешавад.

Гулбаҳор Иноятова,

ходими пешбари илми ПРМ

 ба номи АбдураҳмониҶомӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш