Омӯзгор бояд ҷӯян-даву созанда, поксиришт, адолатхоҳ, ростқавл бошад ва ба дили шогирд роҳ ёфта тавонад. Масалан, дар синфи 4б мавзӯи “Ба ҳиҷоҳо ҷудо намудани калимаҳои “Модар” ё “Ватан”-ро бо чунин тариқ тадрис медиҳам. Мақсад аз дарс он аст, ки хонандагон бояд бояд шеъри “Ватан”-ро беғалату саҳеҳ қироат намуда, калимаҳои лозимаро ба ҳиҷоҳо тақсим намоянду машқҳоро ҳал кунанд. Дар давоми дарс аз қаламҳои ранга, ватман, расмҳо истифода мекунам. Дарсро бо усули Кластер мегузаронам - бо таври омехта. Пас аз пурсиши вазифаи хонагӣ, дар мавзӯи “Тоҷикистон-кишварам, меҳанам” саволу ҷавоб ташкил мекунам. Ҳар як хонанда дар бораи ҷои зисти худаш нақл мекунад, дар бораи Тоҷикистон, масоҳати он ва ғайра маълумот медиҳад. Дар мавриди мувофиқ лаҳзаи дамгирӣ мегузаронам ва дарсро давом медиҳам. Дар мавриди баёни мавзӯи нав аз талабагон ба ҳиҷоҳо ҷудо намудани калимаҳои Модар, Ватанро хоҳиш мекунам. Дар бораи Тоҷикистон суҳбат мегузаронам. Шогирдон дар асоси ин суҳбат ибораю ҷумлаҳо месозанд. Масалан, модари азиз, Ватани биҳиштосо. Ҷумлаҳо: Тоҷикистон кишвари биҳиштосои ман аст. Сарвату давлати ман аст. Пас ба гурӯҳҳо супоришҳои алоҳида медиҳам. Гурӯҳи 1: матни “Тоҷикистон”-ро пурра ва бурро қироат намоед. Гурӯҳи2: дар васфи Ватан чор мисраъ шеър гӯед. Гурӯҳи 3: рақамҳоро бо тартиби ҳарфҳо нависед. Дар қисми мустаҳкамкунии мавзӯъ имлои эҷодӣ менависаму пас бо иштироки ин калимаҳо навиштани эссеи хурдро талаб мекунам. Гурӯҳеро бо гуфтани шеър, дигареро барои таҳлили овозии калимаҳо Модару Ватан вобаста мекунам. Тартиб додани Кластерро талаб менамоям. Кӯдакон чунин натиҷаро ба даст меоранд: Ватан кӯҳсор аст. Ватан ҷавон аст, Ватан камзамин аст. Ватан зебо аст. Ватан офтобист. Ватан модар аст. Модар сарчашмаи ҳаёт аст. Модар вожаи беҳамтост. Модар рамзи осудагӣ. Дар бораи кадом ҳиссаи нутқ будани калимаҳои модару Ватанро пурсон мешавам. Ин гуна роҳу усулҳо боиси шавқмандии кӯдак мегарданд.
Саодат ҚОДИРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр