Нашрияи Омӯзгор

Ҳама масъулем

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Ба қавли В.А.Сухомлинский педагог симои омӯзгории хешро бояд ҳамеша ва дар ҳама ҷо нигоҳ дорад. Банда чунин мешуморам, ки канораҷӯйӣ аз пешгирии қонуншиканӣ ва рафторҳои номатлуби ҷавонону наврасон ба зарари аҳли ҷомеа анҷом меёбад.

Аз ин рӯ, дар  зарурат истифода кардани имконоти дастрас аз маҳорати омӯзгор вобаста аст. Чи дар кӯчаю хиёбонҳо, чи дар нақлиёт, чи дар театр  ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ метавон рисолати тарбиятро анҷом дод. Барои мисол, ман агар дар чунин ҷойҳо камбудии ҷавонону наврасонро бинам, дарҳол бо онҳо гуфтугӯ мекунам. Бахусус, дар нақлиёти мусофиркаш нисбат ба рафтору гуфтори наврасону ҷавононе, ки ҳамчун пулчинак фаъолият доранд, бетараф буда наметавонам. Чунки онҳо дар муносибат бо мусофирон дағаланд, ронандаҳо бошанд,  чунин рафтору кирдори онҳоро тарафдорӣ намуда, барои ситонидани маблағи роҳкиро дучанд моҷарою хархашаро раво мебинанд. Мепурсам, ки дар кадом мактаб таҳсил мекунанд, дар синфи чандум мехонанд, муаллимашон кист ва ғайра. Агар паст наоянд, аз ҷадвали зарб савол медиҳам, намедонанду хиҷолат мекашанд.

Зиёда сӣ сол боз истиқоматкунандаи яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт мебошам. Бисёр ҳамсояҳо маро ҳамчун олим, педагог эҳтиром карда, “профессор” гуфта муроҷиат мекунанд, вале барои баъзеҳо ба сабаби фарзанди бетарбияашон “муаллими ганда” шудаам. Чунки борҳо фарзандони онҳоро на танҳо дар мактаб, балки дар кӯчаю бозор барои рафтори нодурусташон танбеҳ додаам. Чандин ҷавонону наврасони бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбари мошинҳои мусофирбар нишастаро ба дасти милитсия супоридаам. Тангназарон “кораш  чӣ?” гӯён пичингу таъна мезананд, вале  ҳамоно бо роҳи фаҳмондану баромад дар матбуот ба тарбияи аҳли ҷомеа машғулам ва ин корро барои худ шарафи бузург меҳисобам. 

Барномаи телевизионии “Сипар”, ки ҳар ҳафта манзури тамошобинон гардонида мешавад, манзараҳои фоҷиаовар ва хатарнокро бо иштироки наврасон нишон медиҳад. Аммо, мутаассифона, дар бораи як масъала ҳама хомӯшем. Ин садои  гӯшхароши ба ном “кондукторҳо”-и мошинҳои сабукрав мебошад. Онҳо ҳатто дар ҳузури кормандони БДА бо овози баланд мусофиронро ба саворшавӣ даъват мекунанд. Ҳамарӯза мо шоҳиди чунин ҳолатҳои номатлуб дар истгоҳҳои назди мағозаи “Олами китоб” ва ё шаҳраки ҷавонони Донишгоҳи миллӣ мегардем. Саволе ба миён меояд, ки чунин падидаҳои номатлубро кӣ бартараф мекарда бошад? Кормандони БДА ҳамарӯза шоҳиди онанд, аммо  онҳо танҳо машғули тафтиши қоидавайронкунии ронандаҳо ва ҷаримаситонианд. Ба анбуҳи мошинаҳои сабукрав, ки истгоҳҳои автобусу тролейбусро банд карда, барои  даробарои мусофирони хатсайрҳои гуногун халал мерасонанд, эътиборе ҳам  намедиҳанд.

Акнун як дақиқа худро дар дохили автобуси мусофиркаши хатсайри № 7 ва ё тролейбуси №9 (Обшорон- комбинати гӯшту шири  шаҳри Душанбе) тасаввур кунед, ки банда бо он равуо дорам. Ҳангоми вориди автобус шудон аз як тараф, муносибати дағалонаи пулчинак табъи шуморо хира намояд, аз тарафи дигар, наврасону ҷавонон нишастаю занону мӯйсафедон ва ҳатто модари кӯдак ба даст рост истода. Вале ҳама лаб ба хамӯшӣ бурда. Ҳатто забони ронанда  ба муроҷиат намепечад, ки гӯяд: наврасону ҷавонон  бояд калонсолонро ҳурмат карда ҷой диҳанд. Канӣ ҳурмату эҳтиром? Канӣ одобу ахлоқи тоҷикона? Ба ҳамин тариқ, суҳбат метафсад. Банда нақши доварро адо карда, ба ҳақу ноҳақ будани атрофиён посух медиҳам. Солҳои аввали рафтуомадам ба ин хатсайр ниҳоят душвору баъзан хатарнок буд. Чунки  ҳамагон хапу танҳо ман “сергап”. Тӯли солиёни охир оҳиста–оҳиста кондуктору ронандаҳо бо ман гӯё унс гирифтанд. 

Барои пурра беҳбудӣ бахшидану ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти хатсайрҳои шаҳри Душанбе пеш аз ҳама бояд бо ёрии кормандони БДА истгоҳҳои пойтахт аз мошинаҳои сабукрав холӣ бошанд. Дигар, зарур аст, ки нақлиёти мусофиркаш бо техникаи баландгӯяк муҷаҳҳаз карда шавад.

Чи хеле ки  аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълум мегардад, дар давраи солҳои 2010 - нимсолаи аввали соли 2017 дар кишвар зиёда аз даҳуним ҳазор садамаи нақлиётӣ содир шуда, дар натиҷа қариб 3300 шаҳрванд ба ҳалокат расида, 11800 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорону сарватмандон, инчунин, фарзандон ва хешу табори наздики онҳо мебошанд, ки берун аз муқаррароти ҷорӣ ва худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва  барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.

 

И.ДАВЛАТШОЕВ,

ходими пешбари илмии ПРМ

ба номи Абдураҳмони Ҷомии

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш