Маълум аст, ки машқу тамрин ва варзиши доимӣ сабаби тани сиҳат, офиятмандӣ ва рӯҳи тавонои инсон аст. Ин нуктаро ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим бани башар неку дарку фаҳм карда, ба машқи ҷисмонӣ ва обутоб додани бадан машғул мегардид. Тоҷикон аз давраҳои ҳукуматдории Сосониён шурӯъ карда, фарзандони худро дар мактабҳо ба омӯзиши тарбияи бадан мегузоштанд. Дар таълимгоҳҳои замони Сосониён шурӯъ аз ҳафтсолагӣ ба фарзандони мардум машқҳои гуногуни варзишӣ омӯзонида мешуд. Ин машқҳо иборат буданд аз камонварӣ, гӯю чавгонбозӣ, тирандозӣ, шамшерзанӣ, давидану ҷаҳидан ба дарозию баландӣ, шиноварӣ, аспдавонӣ, камандандозӣ ва гӯштию бандкашӣ. Бад-ин тартиб, толибилмони макотиби он замон, неруманду тавоно ва муборизу паҳлавон ба камол расида, дар ҷангу муҳорибаҳое, ки душманон бар зидди миллати тоҷик бармеангехтанд, пирӯз мегардиданд. Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ аҷнабиён, шурӯъ аз Искандару лашкари аъроб, Чингизхон, Темуру лак-лак қабоили кӯчманчию бодиянишин ба хоки кишвари мо ҳуҷум карда, ба муқовимати сахти диловарони форсу тоҷик рӯ ба рӯ гардида, шармандавор шикаст хӯрдаанд. Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки фарзандони иродатманду шуҷои миллати тоҷик воқеан ҳам машқдидаю обутоб-ёфта ва гурду муборизу пилтан будаанд. Дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба хонандагон бояд ба таври мунтазам дар хусуси аҳамияти варзиш ва ба тарбияи бадан машғул гардидани насли наврас суҳбатҳо ороста, таъкид намудан аз фоида холӣ нест, ки бақову ҳастии миллату давлат аз ҷавонони неруманд, солиму ҷасур ва ватанпарвару далер вобастагии амиқ дорад.
Ҳоҷимаҳмад ЭГАМОВ,
омӯзгори тарбияи ҷисмонии
мактаби №29-и
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр