Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф ва федератсияи футболи шаҳр мусобиқаи анъанавии шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2019» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии соли таваллудашон гуногун гузаронида шуд.
Дар мусобиқа 832 футболбози наврас дар ҳайати 52 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бозии финалии мусобиқа байни футболбозони соли таваллудашон 2002-2003 байни дастаҳои мактаби №12 ва литсейи №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Бозӣ мусовӣ анҷом ёфта, ҳангоми задани зарбаи 11-метра дас-таи литсейи №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ дастболо гардид.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр