Нашрияи Омӯзгор

Аз таърихи ченакҳо

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Ба инсоният зарурияти ченкунии бузургиҳо аз замонҳои хеле қадим пеш омадааст. Барои муқоисаи роҳи тайшуда, андоза ва дарозии шаклҳо ва вазни ҷисмҳое, ки ӯро иҳота кардаанд, як чизи умумӣ, яъне, ченак интихоб мекарданд. Дар баробари инкишофи ҷамъият таърихи ченакҳои бузургиҳо низ давра ба давра ғанӣ гардидааст.

Дар давраи қадимтарин ба сифати воҳиди ченаки дарозӣ ваҷаб, қулоч ва қадам истифода мешуд.

Давраи дигари инкишофи ченакҳо ченакҳои воҳидии бо ҳамдигар алақаманд мебошад. Ҳар давлат ченакҳои худро дошт. Ченкунии бузургиҳо дар байни тоҷикон низ таърихи худ-ро дорад. Ангушт ва ваҷаб воҳиди тахминии дарозӣ буданд. То пайдо гаштани метр ваҷаб ва ангуштро ҳангоми чен кардани дарозӣ чун воситаи ченак истифода мебурданд. Он қисме, ки аз ваҷаб боқӣ мемонд, бо ангушт чен карда мешуд. Гуногунии воҳиди ченакҳо монеаи асосӣ ба инкишофи тиҷорат ва соҳаи илм мегашт. Ин боиси пайдоиши ситемаи ягона шуд. Системаи метрикӣ-системаи нави воҳидҳо, ки дар оянда системаи байналхалқӣ гашт, 7 апрели соли 1795 қабул шудааст. Дар он ҳамаи воҳиди бузургиҳо бо метр алоқаманд карда шудаанд. Ба сифати 1 метр аз 40 миллион як ҳиссаи дарозии меридианаи аз шаҳри Париж гузаранда қабул шуда буд. Инчунин, соли 1889 эталони метр ва килограмм аз хӯлаи платино-иридий сохта шуд, ки то ҳоло дар шаҳри Севре(Франсия) нигоҳ дошта мешавад. Соли 1921 Комитети байналхалқӣ доир ба ченкунӣ ва воҳидҳо ташкил шуд, ки дар 6-сол як маротиба конфронс мегузаронад. Дар он сис-темаи байналхалқии воҳидҳо(СИ) аз 7 ченаки асосӣ қабул карда шуд.

Дар замони мо зиёда аз 60 давлати ҷаҳон аз системаи метрикӣ истифода мебаранд. Соли 1925 Тоҷикистон ба системаи метрикии воҳидҳо гузаштааст. Дар поён ченакҳоеро меорем, ки дар давраҳои гуногун тоҷикон онҳоро истифода бурдаасту то ҳол истифода мебарад.

Ченакҳои дарозӣ

1. Хол =1см

2. Ваҷаб=20-25см

3. Газ=91,5см

4. Оринҷи Ҳошим=64-72см

5. 3ирои ҷадид=48см

6. Зирои савдо =53см

7. Қад=5см

8. Як тоқа=4м

9. Як ҷура=8м

10. Як рӯза роҳ=40-45км

11. Чақрим= 1,07км

12. Фарсахи форсӣ =5549м

13. Фарсахи Юнони қадим = 6980м

14. Фарсахи Осиёи миёнагӣ ё Фарсанг=8534м

Ченакҳои вазн

1. Динор=2,34грамм

2. Дирҳам=3,5 грамм

3. Дирҳами ноқис=3,86 грамм

4. Дирҳами том = 4,25 грамм

6. Дирҳами тиббӣ=2,52 грамм

7. Доми пухта =18-моша= 14,02 грамм

8. Доми хом = 10,78 грамм

9. Ибриқ=2-ман=1662 грамм

10. Истор=6-дирам=21 грамм

11. Манн=612 грамм

12. Манни мисрӣ=406 грамм

13. Манни табрез=3кг

14. Мисқол=4,5 грамм

15. Пуд=16кг

16. Қадоқ=409 грамм

17. Ятимак=500 грамм

18. Қирот=0,28 грамм

19. Уқия=25,5 грамм

20. Ашрофаи том =12,138 грамм

21. Ратӣ=0,688 грамм

22. Ратл=306 грамм

23. Ратли маккӣ=450 грамм

24. Садафа=229,5 грамм

25. Тулла=11,25 грамм

26. Туллача=6,816 грамм

27. Ҷавза=22,68 грамм

28. Ҷарра=12,98кг

29. Ҷуҳ=18 грамм

30. Латар=1275 грамм

 

Саидмурод Давлатов,

омӯзгори технологияи иттилоотии

мактаби №35, шаҳри Ваҳдат

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш