Дар осорхонаи вилоятии «Авасто»-и шаҳри Бохтар бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни вилоятӣ баргузор гардид.
Дар ин озмун, ки таҳти унвони «Мусаввара ва расмҳои беҳтарин оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ» гузаронида шуд, хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шабнам Шарифова ғолиб дониста шуд ва соҳиби диплом гардид. Ин мукофоту дастоварди аввалини Шабнам нест. Охири соли 2018 низ барои иштирок дар Фестивал – озмуни вилоятии «Тоҷикистон – кишвари зебоманзар» бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ бо пешниҳоди расму мусаввараҳои зебо Шабнам ғолиби озмун ва соҳиби ҷои аввал шуда буд. Шабнам дар баробари хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ доштанаш боз ҳунарҳои ороиши мӯйи сар (кокулбофӣ, ороиши гесӯ), гулпарварӣ, бофандагӣ ва гулдӯзӣ низ дорад.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр