Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2- юми марти соли 2018 «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2021» нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ин барнома тасдиқ гардидааст. Барномаи мазкур бо мақсади амалигардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушди инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалияти сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин, баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти тандурустии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад. Соле, ки гузашт, барои хонандагон ва варзишгарони шаҳри Душанбе муваффакиятҳои хуб дар соҳаи варзиш гардид. Шогирдонамон дар якчанд мусобиқаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ташкил карда буд, ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, шогирдони мактабамон Эҳсон Қаландаров, Манижа Самадова, Шаҳром Самадов ва Султони Абдулхайр дар мусобиқаи гӯштини греплинг, ки байни хонандагони навраси мактабҳои пойтахт доир гардид, ҷойи аввалро соҳиб гардиданд.
Саттор АВЕЗОВ, омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр