Нашрияи Омӯзгор

Вазифаи масъулиятталаб

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Ҳар як омӯзгор мутахассиси ин ё он фан аст ва маълум, ки фаъолияташ асосан ҳамбаста ба таълими фанни дахлдор мебошад. Омӯзиш, такмили ихтисос, омодагиҳо, ҳуҷҷатнигории ӯ вобаста ба фанни таълимиаш (тахассусиаш) сурат мегирад.

Вале бар замми ин ҳамаи омӯзгорон дар мактаб вазифаҳои иловаи худро доранд ва барояшон зарурате хеш меояд, ки ба дастуру нишондодҳои дигар, ба асноди зарурӣ рӯй оваранд. Масалан, омӯзгорони кулли фанҳоро лозим аст, ки оид ба усулу тарзҳои ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ, таҳияи мақолаҳои методӣ, тариқи роҳандозии ахбори сиёсӣ ва монанди инҳоро донанд. Илова бар ин ҳама, ҳар як омӯзгор ба зиммаи худ масъулияти роҳбари синфиро низ дорад ва ин кор боз донистани як силсила маълумотро оид ба усулҳои кор бо волидон тақозо мекунад. Роҳбари синф будан масъулияти бузургест. Давомот, таҳсил, одобу рафтор, муомилоти байниҳамдигарии синфи муайяне дар маркази назари роҳбари синф қарор мегирад. Роҳбари синф, пеш аз ҳама, бояд шогирдони худро аз ҳар ҷиҳат хуб омӯзад, дар бораашон дар заминаи мушоҳидаҳо маълумоти зарурӣ гирд оварад. Мунтазам баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ, иштирок дар дарсҳои  омӯзгорони синф, ҳуҷҷатгузорӣ, созмонбахшии вохӯриву ҷашнвораҳо, саёҳатҳо, суҳбатҳои алоҳида ба хонандагони сустхон ё рафтори ношоиста содирнамуда аз ҷумлаи корҳои маъмулии роҳбари синфанд. Як ҷанбаи бисёр муҳими фаъолияти роҳбари синфро кор бо падару модарон ташкил медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, роҳбари синф дар оғози соли таҳсил бояд ба хонаи хонандагон рафта, бо шароити зист ва дарстайёркунии онҳо бевосита шинос шавад. Дар ин ҳолат роҳбари синф бояд ба масоили зер бештар таваҷҷуҳ намояд:

1. Дар оила чӣ фазое вобаста ба ҳамдигарфаҳмӣ, одоби муошират, эҳтирому самимият ҳукмфармост?

2. Оила чӣ шароите вобаста ба тозагӣ, таъминот, саломатӣ, варзиш, шуғлу вазифаҳо… дорад?

3. Ҳайати оила ва муносибати волидон ба фарзандон: эътибор, рафтору одоб, муошират, фароғат ва машғулият.

4. Сатҳи эҳтироми падару модар дар хонавода. Ончунон ки бо хонанда суҳбатҳои алоҳида меороянд, роҳбари синф бо волидон низ дар алоҳидагӣ (бе ҳузури хонанда) суҳбат бикунад.

Роҳбарони ҷавони синфро мебояд, ки нақшаи суҳбат бо волидонро пешакӣ мураттаб созанд, то он ҳадафгиру самаровар бошад.

Ҳангоми суҳбат бо волидон шавқу завқ, қобилият, рағбат ва дигар хусусиёти равонии шогирдонро бояд ба инобат гирифт.

Маҷлиси падару модарон, ки дар мактаб бо кӯшиши роҳбари синф дар ҳар моҳ ё дар поёни ҳар як чоряки соли хониш ороста мешавад, муҳимтарин шакли ҳамкории мактабу оила мебошад. Дар он умдатарин масоили таълиму тарбияи хонандагон мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад.

Ҷамолбӣ Бердиева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш