Оид ба анҷоми соли таҳсили 2018-2019, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан
ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 январи соли 2019, №544, ш. Душанбе
Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2018-2019, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/26) мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014, №145) ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 7 июни соли 2019 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 14 июни соли 2019 ба анҷом расонида шавад.
2. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 15 то 22 июни соли 2019 гузаронида шавад (Замимаи 1).
2.1. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 15 то 24 июни соли 2019 гузаронида шавад (Замимаи 2).
3. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 17 то 26 июни соли 2019 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад :
3.1. Барои синфи 9 (таҳсили рӯзона): «Адабиёт» (эссе)-18 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-20 июн, “Алгебра” (хаттӣ) -22 июн, “Забони русӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ-24 июн ва “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-26 июн (Замимаи 3).
3.2. Барои синфи 9 (таҳсили ғоибона) «Биология» (шифоҳӣ)-17 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-19 июн, “Адабиёт” (эссе) -21 июн, “Забони русӣ” (диктант)-24 июн ва “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-26 июн (Замимаи 3).
4. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 17 июн то 22 июни соли 2019 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад (Замимаи 4).
4.1. Барои равияи умумӣ - “Технологияи иттилоотӣ” (тест) - 18 июн, “Забони русӣ” (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забонҳои ғайритоҷикӣ-20 июн, “Адабиёт” (эссе)-22 июн.
4.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Забони русӣ” (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ 18 июн, “География” (тест)-20 июн, “Адабиёт” (эссе)-22 июн.
4.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ)-18 июн, “Адабиёт” (шифоҳӣ)-20 июн, “Биология” (тест)-22 июн.
4.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ)-18 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-20 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (тест)-22 июн.
5. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 15 июн то 24 июн аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад:
Барои синфи 10: “Забони русӣ” (диктант)-15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Адабиёт” (шифоҳӣ)-20 июн.
Барои синфи 11: “Забони модарӣ” (шифоҳӣ)-15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Биология” (тест)-19 июн.
6. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 16-28 июни соли 2019 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад: (Замимаи 5).
6.1. Барои равияи умумӣ “Адабиёт”(эссе)- 17 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-19 июн, “Алгебра”(хаттӣ)-21 июн, “Физика” (шифоҳӣ)- 24 июн, “Химия” (тест)- 26 июн, “Забони русӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ-28 июн.
6.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Адабиёт” (эссе)-17 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-19 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-21 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-24 июн, “Забони русӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ -26 июн, “Ҳуқуқи инсон” (тест)-28 июн.
6.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Адабиёт” (эссе)-17 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-19 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-21 июн,
“Геометрия” (шифоҳӣ)-24 июн, “Химия” (тест)-26 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-28 июн.
6.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Адабиёт” (эссе)-17 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-19 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-21 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-24 июн, “Химия” (тест)-26 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-28 июн.
6.5. Барои синфи 12 (таҳсили ғоибона): “Адабиёт” (эссе)-17 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-19 июн, “Забони русӣ” (диктант)-21 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-24 июн, “Химия” (тест)-26 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-28 июн.
7. Ба директорони муассисаҳои таълимие, ки зиёда аз 3 синфи мувозӣ (параллелӣ) доранд, иҷозат дода мешавад, ки муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ 3 рӯз тамдид намоянд.
8. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва синфҳои таълимашон бо забони хориҷии литсейҳо барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи фармоиши мазкур аз рӯи маводи пешниҳоднамудаи ин муассисаҳо баъди мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
9. Барои литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал - майор М. Д. Тошмуҳаммадов бо назардошти хусусияти таълими ҳарбӣ доштан муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм аз 15 июн то 29 июн муқаррар гардида, иҷозат дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои педагогӣ иловатан аттестатсияи тахассусӣ ворид намояд: “Адабиёт” (эссе)-15-июн, “Омодагии ибтидои ҳарбӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Химия” (тест)- 19 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-21 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-24 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-26 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-28 июн.
10. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 (ба истиснои синфҳои 5-11 таҳсилоти ғоибона ва саволномаҳои тестӣ) дар асоси маводи пешниҳоднамуда ва рӯзҳои муқаррарнамудаи раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах-шон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-11-и таҳсилоти ғоибона ва аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 (12) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар асоси маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
11. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он барои ташхис ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.
Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида, барои ташхис бевосита ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
12. Ба сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шаванд, ки ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.2014, 11/2) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
13. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷадвали аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ карда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд.
14. Ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ш. Ёрмуҳаммадзода) супорида шавад:
14.1. Намунаи маводи аттестатсия (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест)-ро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва синфҳои 9 ва 12 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсия то 15 феврали соли 2019 таҳия ва барои мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
14.2. Маҷмӯи маводи аттестатсия барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсия тибқи дархост то 1 апрели соли 2019 ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд.
14.3. Нусхаҳо (вариантҳо)-и асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ то 14 май (як моҳ пеш аз аттестатсия) ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус маҳфуз доранд.
15. Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифадор карда шаванд, ки маводи иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия бо тавсияи иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ тасдиқ ва дар ҷойи махсус маҳфуз доранд.
16. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 июли соли 2019 маълумотномаи муфассал ирсол намоянд.
17. Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Қ. Муҳиддинзода) вазифадор карда шавад:
17.1.Фармоиши мазкурро дастраси раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таълимии махсус ва ғайридавлатӣ гардонад.
17.2. Дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2019 маълумотнома манзур намояд.
18. Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” (Н.Нурализода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар ҳафтанома ба табъ расонад.
19. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ гузошта шавад.
Вазир Нуриддин Саид
Замимаи 1
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Синфи 4: Забони модарӣ (диктант)
Математика (хаттӣ)
Синфи 5: Забони модарӣ (диктант)
Синфи 6: Забони модарӣ (шифоҳӣ)
Синфи 7: Забони русӣ (диктант)
Адабиёт (шифоҳӣ)
Синфи 8: Забони модарӣ (нақли хаттӣ)
География (шифоҳӣ )
Замимаи 2
Аттестатсияи аз синф ба синф
гузаронидан дар синфҳои 5-8 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона
Синфи 7:Забони русӣ (диктант)
Синфи 8:Забони модарӣ (нақли хаттӣ)
Замимаи 3
Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва ғоибона
1.Адабиёт (эссе)
2. Алгебра (хаттӣ)
3.Биология (шифоҳӣ)
4.Забони русӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ
5.Таърихи халқи тоҷик(шифоҳӣ)
Замимаи 4
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Равияи умумӣ
1. Технологияи иттилоотӣ (тест)
2.Адабиёт (эссе)
3.Забони русӣ (диктант) барои синфҳои таълимаш ба забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон ғайритоҷикӣ
Равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ
ва зерравияҳои он
1.География (тест)
2. Адабиёт (эссе)
Равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он
1.Алгебра (хаттӣ)
2.Адабиёт (шифоҳӣ)
3.Биология (тест)
Равияи технологӣ ва зерравияҳои он
1. Алгебра (хаттӣ)
2.Физика(шифоҳӣ)
3.Технологияи иттилоотӣ (тест)
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона
синфи 10
1.Адабиёт (шифоҳӣ)
2.Алгебра (хаттӣ)
3.Забони русӣ (диктант)
синфи 11
1.Забони модарӣ (шифоҳӣ)
2. Биология (тест)
3.Алгебра(хаттӣ)
Замимаи 5
Аттестатсияи хатм дар синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва 12 ғоибона
1. Таърихи халқи тоҷик (тест)
3.Физика (шифоҳӣ)
4.Алгебра (хаттӣ)
5.Забони русӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ
6.Химия (тест)
Равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва зерравияҳои он
3. Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)
5. Забони русӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ
6.Ҳуқуқи инсон (тест)
Равияи табиӣ - математикӣ ва зерравияҳои он
1. Биология (шифоҳӣ)
3 Геометрия (шифоҳӣ)
5. Физика (шифоҳӣ)
3 Технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ)
Иловакунӣ
Иловакунии фикр