Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода қайд кард, ки дар соли 2018 ба феҳристи арзишҳои байналмилалии ЮНЕСКО ворид гардидани санъати чакан аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар озмуни 15 – уми байналмилалии «Санъати китоб» - и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик», ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор гардидааст, «Шоҳҷоиза» - и озмунро сазовор гардид.
Ш. Орумбекзода аз ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, афзуд, ки муассисаҳои нашриявии вазорат бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК «Матбуот» дар маҷмӯъ, 66 номгӯй китоб бо теъдоди 693275 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ – оммавӣ ба табъ расонданд. Соли сипаришуда ба хазинаи муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» 1400 нусха китоби тозанашр, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, хитоӣ чоп шудаанд, ворид гардиданд.
Моҳи майи соли 2018 бори нахуст дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии ихтисосҳои фарҳанг ва санъат, доктори фалсафа (PHD), доктор аз рӯйи ихтисосҳои «Фаъолияти фарҳангӣ – фароғатӣ», «Таҳсилоти мусиқӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Кори китобдорӣ» таъсис дода шуд, ки барои соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ дастоварди калон мебошад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр