Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурдаи донишкада

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  Исломбек Хоркашов аз хусуси фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва робитаҳои хориҷии донишкада ба рӯзноманигорон маълумот дод.

- Дар давоми соли гузашта аз тарафи раёсати донишкада нақшаҳои иловагӣ қабул карда шуда, маҷмӯи корҳои ташкилӣ, илмӣ – методӣ барои пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби доншҷӯён ба илм, корҳои инноватсионӣ ва ободониву созандагӣ анҷом дода шуд, - гуфт муовини ректор. Бинобар ин,  дар ин самт ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ҷараёни таълим дар донишкада тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ , ки аз тарафи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат мегирад. Дар оғози соли таҳсили 2018 - 2019 дар донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ барои 23 барномаи таълимӣ таҳия гардиданд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, барои 23 ихтисос стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо таҳия карда шуданд.

Чунонки И. Хоркашов қайд кард, бо назардошти соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ баҳри таъсиси курсҳои кутоҳмуддати заргарӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забономӯзӣ (забонҳои англисӣ, русӣ ва хитоӣ) курсҳои тайёрӣ, компютерӣ, қаннодӣ, муҳосибот, кор дар компютер таъсис дода шуд.

 

Ҳотами  Ҳомид,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш