Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Нуктаҳои асосии назарияи молекулавӣ - кинетикӣ» дар синфи 9 омӯзгорро лозим аст, ки дарси мазкурро дар алоқамандӣ бо муҳити атроф ва истеҳсолот ба хонандагон омӯзонад. Маълум аст, ки шогирдон ҳангоми омӯзиши физика дар синфи 7 ва химия дар синфи 8 оид ба атому молекулаҳо ва ҳаракати онҳо маълумоти аввалинро ҳосил карда буданд. Мусаллам аст, ки ҷисмҳо ҳангоми гармшавӣ гудохта ва буғ мешаванд. Буғшавии на танҳо моеъҳо, балки ҷисмҳои сахт низ мушоҳида мешавад. Ба хонандагон шарҳ бояд дод, ки ҷисмҳо танҳо дар назар яклухт менамоянд (дар асл онҳо аз заррачаҳои хурди мода – молекулаҳо, ки аз якдигар дар масофаи начандон бузург воқеъ гардидаанд, таркиб ёфтаанд). Андозаи фосилаҳои байни молекулаҳо бо таъсироти беруна, дигаргуншавии ҳарорат ё сабабҳои дигар тағйир меёбад. Буғшавӣ дар натиҷаи ҷудошавии молекулаҳо аз моеъ ё ҷисми сахт, вале тағйири ҳаҷми ҷисм бо тағйирёбии андозаи фосилаҳои байни ҳиссачаҳои он шарҳ дода мешавад.
Дар саноати филизӣ барои аз филизот ва хулаҳои онҳо тайёр кардани тунука, ки он аз байни навардҳои чархзанонида мегузарад, фишори навард ба филизот то 15 108 Па мерасад. Ҳангоми таҳқиқи танаи киштиҳои кайҳонӣ муқаррар гашт, ки газ метавонад аз қабати ғафси филизот гузарад. Аз ин сабаб, филизи аз он тана сохташавандаро пешакӣ ба варақҳо ҷудо карда, мекӯбанд.
Нуктаҳои асосии назарияи молекулавӣ – кинетикии сохти моддаҳо чунинанд:
1. Ҳар гуна модда аз молекулаҳо ё атомҳои дар ҳаракати бефосилаи бетартиб буда иборат аст.
2. Дар байни онҳо қувваҳои молекулавӣ таъсир мекунанд.
Молекула ва атомҳо чунон хурданд, ки онҳоро бо чашми одӣ ё ҳатто микроскоп фарқ кардан номумкин аст.
Мушаррафа Раҷабова,
омӯзгори мактаби №69,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр