Нашрияи Омӯзгор

Сафи донишҷӯдухтарон меафзояд

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар теъдоди донишҷӯдухтарон дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти хабарӣ ректори донишкада Абдухалил Ғафурзода иттилоъ дод.

- Дар донишкада мутобиқи нақшаи таълимӣ дар бакалавриат ва магистратура аз рӯйи панҷ ихтисос таълим ба роҳ монда шудааст ва шумораи умумии донишҷӯён дар маҷмӯъ, 1921 нафарро ташкил мекунад, - иброз дошт ректори донишкада. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар факултаи идоракунии давлатӣ 617 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз инҳо 213 нафарашон духтар ҳастанд. Дар факултаи муносибатҳои байналмилалӣ 463 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 146 нафар духтар таҳсил мекунад.

Гуфта шуд, ки сафи донишҷӯдухтарон нисбат ба солҳои пешин зиёд шудааст.

Раҳматулло Каримзода,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш