Нашрияи Омӯзгор

Кабинетҳои фаннӣ таҷҳизонида шуданд

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон дар ифтитоҳи гимназияи 1-и шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таҷҳизонидани кабинетҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Дар ин замина дар теъдоде аз муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатманд ва собиқ хатмкардагони мактабҳо кабинетҳои фанниро муҷаҳҳаз намуданд.

Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ба номи Пӯлод Атаеви шаҳр бо дастгирии ашхоси саховатманд, аз ҷумла Аюб Муродов, Ҳасан Мирзоев ва Дадо Очилов синфхонаҳои таълимии фанҳои химия ва биологияро бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, мизу курсӣ, ҷевон ва хатти об таъмин намуданд.

Чунин синфхонаҳои фаннии физика, химия ва биология дар мактаби №28 бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҷҳизонида шуданд. Ин тадбир дар доираи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 амалӣ гардида, барои хонандагон фазои мусоиди таълимиро муҳайё месозад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” тадбирҳои муассир андешида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот кӯшиш ба харҷ медиҳад. Айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 60 адад кабинетҳои фаннӣ таҷҳизонида шуданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш