Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (26.12.2018) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Зимнан Пешвои миллат таъкид карданд, ки мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Аз ин рӯ, дар саросари ҷумҳурӣ корҳои бунёдкорӣ бавусъат ҷараён дорад. Чанде пеш фарзанди саховатманди ноҳияи Дарвоз Собирҷон Искандаров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Кеврони ноҳия китобхона ва кабинети физикаро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Муассисаи мазкур соли 1976 барои 140 хонанда сохта шуда буд, ки ба китобхона ва синфхонаҳои замонавӣ ниёз дошт. Ҳоло дар муассисаи мазкур 245 хонанда дар 2 баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдурраҳмонзода ва масъулини соҳаи маориф иштирок намуданд. Раиси ноҳия иқдоми С. Искандаровро намунаи олии ватандӯстӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба зодгоҳу мардум арзёбӣ кард.
Ҷавонони бонангу номуси деҳа ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориву ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ҳашар варзишгоҳи ҳозиразамон бунёд хоҳанд кард.
С. Қаландаров,
директории муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии № 9,
деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз
Иловакунӣ
Иловакунии фикр