Дар нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов чун ҳарвақта теъдоди зиёди рӯзноманигорон иштирок доштанд ва онҳо бештар ба масоили марбут ба сатҳу сифати таҳсилот, давомоти донишҷӯён, муаррифии варзиши тоҷик хориҷ аз ҷумҳурӣ, эҳёи намудҳои миллии варзиш, ҷалби бонувон ба варзиш, арҷгузории варзишгарони мумтоз, таҳияи дастуру китобҳо оид ба таълими варзиш, дастрасӣ ба таҷҳизоти навин ва шабакаи Интернет, таъминот бо мутахассисон, корҳои эҷодии устодону донишҷӯён, низоми ташкили сабқату озмуну олимпиадаҳо, нақши донишкада дар рушди варзиши кишвар… таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба суолҳои сершумори худ аз ҷониби масъулини донишкада посухҳои асосманд дарёфтанд.
Ректори донишкада, профессор Шодӣ Сафаров бо истифода аз воситаҳои техникии иттилоот, овезаву варақаҳо ва дастурҳои гуногун дар оғози нишаст ҳозиринро бо вазъи умумии таълиму тарбия ва фаъолияти аҳли донишкада ошно намуд. Равшан гардид, ки комёбиҳои таълимгоҳ дар соли 2018 хеле назаррасанд. Муҳимтар аз ҳама, сатҳи тамрин ва тадрис нисбат ба солҳои пешин ба маротиб боло рафтааст. Барои машғулияту машқҳои ҳамарӯзаи варзишгарон дар донишкада тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Беш аз дусад шогирди донишкада узви ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ вобаста ба намудҳои гуногуни варзиш мебошанд. Гӯшаи «Ҷоизаҳо»-и осорхонаи донишкада аз ҳисоби пирӯзиҳои нав ба нави донишҷӯён мунтазам пурбортар мешавад. Аҳли таълимгоҳ ифтихорманд аз онанд, ки дар давоми се соли охир се дастпарвари донишкада ба олитарин комёбӣ ноил гардиданд: Дилшод Назаров – соҳиби медали тиллои Бозиҳои олимпӣ (гурзпартоӣ) ва Беҳруз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо. Дар донишкада, махсусан, ба тарбияи ифтихори миллии донишҷӯён диққати ҳамешагӣ дода мешавад. Ин аст, ки варзишгарони ҷавон дар давоми соли гузашта дар як силсила мусобиқоти ҷаҳонӣ ва қитъавию минтақавӣ (оид ба шоҳмот, қаиқронӣ, самбо, варзиши сабук, таэквандо, вазнбардорӣ…) ширкат варзида, ба комёбиҳо ноил гардиданд ва парчами Ватани азизи худро боло бардоранд.
Устодони донишкада тавассути мақолаву рисола ва китобу дастурҳои иншонамудаашон низ ба тарғибу рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат мекунанд. Махсусан, ба тарғиби намудҳои миллии варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ректори донишкада Ш.Сафаров рӯзноманигоронро ба ҳамкории бештар баҳри тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ даъват намуд.
А.Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр