Нашрияи Омӯзгор

Агар хоҳӣ солим бошӣ, бидав!

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Мақоли маъмули «Варзиш – гарави саломатист» - ро ҳама медонанд, аммо барои шуғл ба варзиш бисёриҳо гӯё «вақт надоранд». Воқеан ҳам, солҳои охир бемориҳое зуҳур кардаанд, ки духтурон пас аз муоинаи бемор ба онҳо ҳатман ба ин усул  сарукор гирифтанро тавсия медиҳанд. Таҳқиқоти олимони соҳа муайян кардаанд, ки дар ҳолати камҳаракатӣ кори дилу рагҳои хунгард камфаъол гардида, ниҳоят касро гирифтори бемориҳои гуногун, аз ҷумла, фишори хун ва ишемияи дил мегардонанд. Аз ин рӯ, ба варзиш машғул гардидан, худро дар ҳар фасли солу ҳама синну сол обутоб додан ба фоидаи организми худи мост.  Олиме фармудааст: «Агар хоҳӣ солим бошӣ, бидав, агар хоҳӣ зебо бошӣ, бидав, агар хоҳӣ умри дароз бинӣ, бидав». Бинобар он, саломатии инсон аввал ба дасти худи ӯст, танҳо беаҳамиятӣ касро аз пой меафтонад.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар пойтахти кишвар ва ноҳияҳои атрофи он боғчаву майдонҳои саломатӣ бунёд ёфтаву ҷавонону наврасон аз онҳо ба таври фаровон истифода мебаранд. Чунин тарзи ташкили кор ва ба  варзиш машғул шудан  дар ин гуна ҷойҳо ба кас рӯҳ мебахшад. Мо, насли нисбатан калонсол, бояд тарзи машқу тамрин, чӣ гуна истифода бурдан аз шароити ин гуна маконро ба насли наврас фаҳмонем. Ин масъала хусусан ба мо, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ,  тааллуқ дорад.

Зиёвиддин АБДУНАЗАРОВ,

омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш