Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманд бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин боргоҳи сухану адаб панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш-шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун-нафоис» - и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 70 нусха тақдим намуд. Китобҳои мазкур бо сарсухани вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфта, дастраси аҳли илму адаби тоҷик ва хонандагони сершумори фарҳангдӯст гардиданд.
Асарҳои мазкур ба адабиётшиносон, устодону толибилмони мактабҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва доираи васеи дӯстдорони каломи бадеъ пешниҳод мешаванд.
Таҳияи Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр