Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ва манзараҳои нотакрори табиати кишварамон баҳравар гардидаанд. Ин омор дар қиёс ба соли 2017 2,6 баробар зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абуғаффорзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон раванди афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамонро ба сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани раводиди электронӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои туристии кишвар, инчунин, тавсеаи муносиботи гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Ӯзбекистон рабт дод.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ афзуд, ки танҳо соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор сайёҳ аз Ӯзбекистон ташриф оварданд, ки ин раванд баёнгари рушди муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр