Нашрияи Омӯзгор

Муносибати босалоҳият ва тақвияти таълим

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар шароити имрӯза вобаста ба тағйирёбии доимии талаботи бозори меҳнат  нисбат ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фақат дорои дониш будан кифоя нест. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии  Ҳукумати кишвар,  пайваста  кӯшиш  менамоянд, ки низому равиши таълимро ба талаботи замон ва дурнамои рушди мамлакат мутобиқ намуда, тадбирҳои муайяну мушаххасро амалӣ гардонанд. Ба тасвиб расидан ва андешидани чораҳои татбиқи «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020», ки дар он ҷорӣ намудани низоми таълими салоҳиятнокӣ (НТС) пешбинӣ  гардидааст, бозгӯи равшани он мебошад. 

Дар ин санади хеле муҳиму саривақтии соҳа, вобаста ба таъмин намудани соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёт бо кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ва идоракунии сатҳи миёна, аз ҷумла, зикр шудааст: “Зарур аст, ки навъҳои мухталифи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардида, онҳо ҳарчи бештар ба ташаккули салоҳияти касбӣ равона карда шаванд”.

Дар баробари ба тасвиб расидани санади мазкур ва хусусан, вақтҳои охир дар саҳифаҳои матбуоти соҳавӣ ва ҳатто берун аз он, оид ба низоми нави маориф ақидаҳои мухталифи олимону мутахассисони соҳа рӯи чопро диданд. Инчунин, дар суҳбатҳои  ихтисосӣ ақидаҳое баён карда мешаванд, ки аз комилан пуштибонӣ кардан то пурра қабул надоштани  онро дар бар мегиранд. Ин табиист. Ягон навоварӣ дар оғоз сад дар сад тарафдор надошт ва надорад.

Ҳангоми маънидод кардани мазмуну муҳтавои ин ё он истилоҳи ба низоми нави таълим тааллуқдошта, ба ҳадди аксар риоя  кардани эҳтиёткорӣ амрест ногузир. Чунки дар ҳолати роҳ додан ба иштибоҳ, новобаста аз сабаби сар задани он, беихтиёр  эътибори низоми навро костан  мумкин аст. Хусусан, дар низоми таълим, ки иштибоҳи интишоршуда сироятӣ буда, ислоҳи он  вақти дурударозро тақозо мекунад.  

Азбаски дар тамоми давраи таҳсилу зиндагӣ инсон бо яке аз мушкилтарин  вазифаҳо-қабули қарорҳои ба мақсад мувофиқ  оид ба ин ё он масъла сару кор дорад, низоми нави таълим, пеш аз ҳама, бояд аз худ намудани ана ҳамин салоҳиятро таъмин намояд.  Моҳиятан қабули қарор ин интихоб аст. Модоме ки қарорҳо ба пешравӣ дар касби шахс таъйин  шудаанд, онҳо аз тарафи шахси алоҳида қабул карда мешаванд. Пас, НТС ба ҳар як таълимгиранда дар алоҳидагӣ нигаронида шудааст.

Андешаҳое ҳастанд, ки муносибати салоҳиятнокӣ  на дар дохили низоми таълим ба вуҷуд омада, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст,  балки ҷавобе ба талаботи мушаххаси доираи касбӣ будааст.

Мафҳумҳои  “салоҳият” ва “салоҳиятҳои калидӣ”  дар алоқамандӣ бо муаммоҳои муайян кардани сифатҳои шахсони касбии муваффақ дар соҳаи соҳибкорӣ дар Ғарб  аз  солҳои 60-70-уми асри гузашта истифода шуда истодааст.

Дар ибтидо, салоҳиятҳо бо донишу малакаҳои ихтисосии касбӣ муқобил гузошта шуда, ҳамчун ҷузъи яксони мустақили дилхоҳ фаъолияти касбии муваффақ дониста мешуданд. Дар натиҷа саволе ба вуҷуд омад, ки оё  салоҳиятҳоро омӯзонидан мумкин аст? Ҳамин тариқ, масъалаи салоҳият ба низоми таҳсилот ворид гардида, дар ин соҳа тадриҷан ҷои пешбарро ишғол кард. 

Албатта, ба ҳадди аксар дарк намуда, фаҳмидани масъалаҳои мушкили касбӣ дар натиҷаи таҷрибаи бисёрсола ҳосил мегардад, аммо вуҷуд доштани ташаббуси эҷодкорона дар фаъолияти корӣ аз ақлу заковат ва сифатҳои шахсии муҳосибони оянда вобаста аст. Бо вуҷуди ин, вобаста ба сатҳи дониши ба коллеҷҳо қабулшудагон, ба онҳо дар аксар ҳолатҳо дарк кардану истифода бурда тавонистани тавоноии зеҳнӣ ва рушд додани онро омӯзондан лозим аст.

Дигар сабаби муҳими ҷорӣ намудани муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими баҳисобгирии муҳосибӣ тарзи фикрронии донишҷӯёни ҳозира мебошад, ки онро “пайк-слайдӣ” номидан мумкин аст (пайк- 1. қосид, хабаррасон, номарасон, он ки хабарбару хабарбиёр аст. 2. хабар, паём. ниг. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, Душанбе, 2008).  Ин тарзи фикрронӣ зери таъсири бо суръати баланд зиёд шудани миқдору ҳаҷми ахбор ва воситаҳои интиқоли онҳо арзи вуҷуд кардааст. “Пайк- слайд” – ин ирсоли ахбори гуногун, аз ҷумла шарҳи кӯтоҳи истифодабарандагони шабакаҳо, тариқи воситаҳои гуногуни техникию ахборӣ, дар шакли  клипҳо, видео ва аудиороликҳо, хабару маълумоти кӯчак дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Однокласники, Фейсбук ва ғ.) ва дигар сомонаҳои Интернет мебошад.  Дар натиҷа низоми анъанавии ахбории ғайрифаъоли таълим, ки ҳоло ҳукмфармост, ба паст шудани сатҳи ҳавасмандӣ ва ҷустуҷӯи эҷодкоронаи донишҷӯён оварда расонидааст. Вобаста ба ин, зарурати гузаштан ба  НТС дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси муҳосибӣ дар коллеҷҳо бешубҳа аст. Вале яку якбора пурра ҷорӣ кардани  НТС амрест муҳол. Он омодагии ҳаматарафа ва иҷрои корҳои зиёдро тақозо дорад. Бинобар ин, баъзе самтҳои истифодаи ин низомро баррасӣ менамоем.

Ҳоло қариб дар ҳамаи коллеҷҳо, ки муҳосибонро тайёр мекунанд, раванди таълим дар асоси низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Ин қадами аввалин ва ҷузъи муҳимтарини НТС дар коллеҷҳо мебошад. Бартарияти низоми кредитии таҳсилот борҳо мавриди зикр гардидааст (масалан, ниг. “Омӯзгор”, №31, аз 3.08.2017 сол, “Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ: аз норасоии китобҳои дарсӣ то дастгоҳу воситаҳои аёнӣ”, мусоҳиба бо сардори  раёсати МТИМК Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Вализода). Вобаста ба ин, низоми мазкур бояд бо истифодаи дигар унсурҳои НТС дар раванди таълим тақвият  бахшида шавад.  

Таълими баҳисобгирии муҳосибӣ, чун дигар фанҳои иқтисодӣ ҳамеша муайян кардани таносуби дониши назариявӣ ва амалиро, ки ба донишҷӯён дода мешавад, талаб менамояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар тайёр кардани мутахассисони баҳисобгирии муҳосибӣ таълими назария афзалият дорад. Дар давраи аввали омӯзиш ин асоснок аст, чунки фақат дар натиҷаи тайёрии чуқури назариявӣ фикрронии эҷодкоронаро дар донишҷӯён ва фаҳмиши баҳисобгирии муҳосибиро ҳамчун рукни муҳимтарини хоҷагидорӣ инкишоф додан мумкин аст. Оид ба аҳамияти  назария дар баҳисобгирии муҳосибӣ  яке аз олимони номдори ин соҳа, профессор Соколов Я.В. чунин қайд кардааст: “Аксар вақт мо фикр мекунем, ки назария –ин як чизи хаёлӣ ва дур аз ҳаёт аст. Дар асл бошад, кадом назария интихоб карда шавад, оқибатҳои он дар тавсифи ҳолати молиявии ташкилот дар ҳисоботи муҳосибӣ инъикос меёбад. Интихоби назария-ин интихоби тақдири бизнеси шумост”.  Дар алоқамандӣ  бо мавҷуд будани якчанд назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳамоҳангии ақидаи олим бо мақсади асосии НТС, ки дар боло зикр карда шуд, баръало ҳис мешавад.  Бо вуҷуди ин, чи хеле ки мегӯянд: ҳатто назарияи хурд, лоиқи амалияи калон аст.

Аз ин лиҳоз, тайёр кардани муҳосибони ба  талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо дарназардошти ҷорӣ намудани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва балад будани донишҷӯён бо онҳо  мустаҳкам кардани асоси амалии тадриси баҳисобгирии муҳосибиро тақозо менамояд. Ин кор бояд на аз ҳисоби кам кардани нақши назария, балки тавассути муносибати навоваронаи омӯзгорон дар гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни баҳисобгирии муҳосибӣ иҷро карда шавад. 

Воситаи муносибе, ки ба самаранокии таълим ва рушд ёфтани қобилияти фикрронии эҷодкоронаи донишҷӯён мусоидат мекунад, ин масъалагузорӣ кардан бо истифода аз ҳуҷҷатҳои аввалияи таҳияшуда ва феҳристҳои пуркардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ мебошад. Бо ин мақсад маводи ҳисоботи  таҷрибаомӯзии истеҳсолии худи донишҷӯёнро, ки дар давраи гузаронидани он ҷамъоварӣ намудаанд, истифода бурдан мумкин аст. Дар натиҷа, он нафақат ба маводи дарсӣ табдил меёбад, балки масъулияти донишҷӯёнро нисбати таҷрибаомӯзӣ, иҷрои пурраи барномаи он, ҷамъоварии мавод ва босифат таҳия намудани ҳисобот ба маротиб баланд мебардорад, ки  яке аз мақсадҳои НТС аст.

Самти дигари НТС пурра кардани мисолҳо бо ахбори гуногуни иловагӣ мебошад, ки оид ба истифодаи онҳо худи донишҷӯён қарор қабул мекунанд. Масалан, ҳангоми иҷро кардани кори амалӣ дар мавзӯи “Баҳисобгирии захираҳои молию  моддӣ” ахборро дар бораи динамикаи нархҳои бозорӣ барои давраи баррасишаванда истифода кардан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки арзёбии самаранокии НТС амалӣ карда шавад. Нуктаҳои мазкур дарсҳои амалиро дар таълими баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамчун намунаи унсурҳои фаъолияти касбии минбаъдаи донишҷӯёни коллеҷҳо нишон медиҳад, ки принсипи асосии НТС мебошад.

 

М. Ҳомидов,

директори коллеҷи

технологии ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри  Конибодом, номзади илми иқтисод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш