Нашрияи Омӯзгор

Ташкили 284 коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар муассисаҳои таълимии вазорат ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ афзалият дода шуда, дар ин давра  қариб 19  ҳазор  занону духтарони хонашин аз рӯи 28 намуди ҳунарҳои мардумӣ касб   омӯхтанд.   Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 54 маркази ҳунармандӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо шаҳрвандони бекор   ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли маҳсулоти он машғул мебошанд. Ҳамчунин, дар баробари ин дар ҷумҳурӣ 284  коргоҳи хонагии ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуданд, ки  он барои бо ҷойи кор таъмин гардидани шаҳрвандон мусоидат намуд. Дар ин бора муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода дар нишасти матбуотии мақомоти мазкур иттилоъ дод.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ идома дошта,  шурӯъ аз соли 2014 муҳлати таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 3 ба 2 сол расонида шуд. Ин омил сабаби таваҷҷуҳи ҷавонон, бахусус, духтарон барои таҳсил дар ин муассисаҳо гардид.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш