Директори филиали Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниёзӣ Акбар дар нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти имрӯзаи донишкада, хатми донишҷӯён дар соли ҷорӣ ва таъмини онҳо бо ҷои кор, ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар, нақшаи қабули довталабон ва нақшаҳои раёсати донишкада барои солҳои оянда маълумот дода, аз ҷумла, қайд кард:
- Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб яке аз аввалин муассисаҳои таълимии олии касбӣ мебошад, ки мутахассисони соҳаи саноату хоҷагии қишлоқро тайёру омода менамояд. Бо ба назар гирифтани эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон ва ба инобат гирифтани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия боз 6 ихтисоси нав кушода шуд. Ҳоло донишкада дар тадбиқи барномаи байналхалқӣ фаъолият илмию фарҳангӣ дошта, бо 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст, ки тибқи он 1200 нафар донишҷӯи муассиса дар муассисаҳои олии касбии ин кишвар таҳсил мекунанд. Имрӯз дар донишкада дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии химико-технологияи шаҳри Иваново факултаи муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос» аз рӯи 3 ихтисос 490 нафар донишҷӯ таҳсил доранд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр