Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Онро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, қайд намуд, ки сифати таҳсилот дар донишгоҳ беҳтар гардида, раванди таълиму тарбия дар 9 факулта, 24 кафедра бо фарогирии 51 ихтисоси гуногун ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2018 маъмурияти донишгоҳ ҳамкориро бо 18 муассисаи олии касбии хориҷ кишвар, аз ҷумла, бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литвия, Руминия, Ҳиндустон, Хитой ва Туркия мустаҳкам намуда, дар ин ҷода ба нишондиҳандаҳои назаррас соҳиб гардиданд.Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати дастгирии олимону аспирантон ва унвонҷӯён раёсати донишгоҳ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои дастовардҳои илмӣ, ширкат дар озмунҳо, маблағҳои муайянеро барои мукофотпулӣ ҷудо мекунад. Дар соли ҷорӣ қарордоди ҳамкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ба имзо расид.Дар ҳамин замина дастгирии лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ карда мешавад. Тибқи квотаи кишварҳои хориҷӣ барои соли хониши 2018-2019 6 нафар омӯзгори беҳтарин барои идомаи таҳсил дар аспирантураи давлатҳои Ҳиндустон, Хитой ва Россия сафарбар карда шудаанд. Дар ин раванд 10 лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён (ба ҳар яке 3000 сомонӣ), ҷудо гардидааст. Дар ин давра дар донишгоҳ сохтори нав - Маркази таҳсилоти фосилавӣ, литсейи хонандагони болаёқат, Муассисаи томактабии назди донишгоҳ, Маркази касбомӯзии Муъминобод ва факултаи «Фарҳанг ва санъат» таъсис дода шуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр