Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло дар робита бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон қайд кард, ки тибқи нақша ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018 - 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёди зиёда аз 766 иншооти таъиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, дар соҳаи маориф зиёда аз 32 муассисаи таълимӣ дар шаҳру деҳот ба тарзи замонавӣ таъмиру тармим ва сохта ба истифода дода мешавад. Айни ҳол, корҳои сохтмонӣ дар 7 муассисаи таълимӣ бо суръат давом дошта, дар соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор ҳоҳанд гирифт.
Дар идома раиси шаҳр афзуд, ки дар соли 2018 аз тарафи корхонаҳои дӯзандагии шаҳр барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ 32 ҳазору 103 дона либосҳои мактабӣ дӯхта шудааст, ки ин басанда нест. Сифати таълиму тарбия дар баъзе аз муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳот ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Сатҳи ҷинояткорию авбошӣ дар байни ноболиғон афзудаст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр