Кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин самти ободонии ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ба шогирдон доир ба ҳунарҳои гулдӯзӣ, дӯхтани либосҳои гуногуни миллӣ, нақш кандан дар чӯб, дуредгарӣ ва пухтани хӯрокҳои гуногуни миллӣ машғулиятҳои самаранок гузаронида мешавад. Чи тавре ки мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Гулшан Сайфуллоева иброз дошт, онҳо азм доранд, ки ояндаи наздик дар якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия маҳфилҳоро доир ба ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ташкил намоянд.
Аъзам Бобоев,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр