Дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта, бо кормандон ва собиқадорони соҳа мулоқот намуд.
Бино тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат буда, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд хоҳад гашт. Сохтмончиёни ҶДММ «Фаррухрӯз» ният доранд, бинои мазкурро то моҳи майи соли 2020 бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Раиси вилоят, ҳамчунин, аз ҷараёни бунёди кӯдакистони хусусии «Офтобак», ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов бунёд мешавад, шинос гардид. Кӯдакистони мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 160 нафар тифлони саодатманд сохта мешавад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр