Нашрияи Омӯзгор

Дар деҳаи Маданият мактаби нав сохта мешавад

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 санги асос гузошт.

Бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, туҳфаи хубе барои хонандагону омӯзгорони мактаби мазкур хоҳад гашт. Бинои нави мактаб барои 320 нафар пешбинӣ гардида, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад.

Дар идомаи сафар раиси вилоят ба куҳантарин мактаби шаҳри Конибодом – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ташриф оварда, бо вазъи сабақомӯзии хонандагон аз наздик шинос гардид. Муассисаи мазкур дар тарбияи кадрҳои арзанда саҳми муносиб гузоштааст ва алҳол дар он беш аз 500 хонанда таҳсил мекунанд. Мактаби мазкур соли 1927 сохта шуда, имрӯзҳо ба азнавсозӣ ниёз дорад. Дар идомаи ташаббусҳои созанда бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 низ навсозӣ карда мешавад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш