Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси 7 муассисаи томактабӣ

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии ҳукумати ноҳияи Восеъ раиси он Мӯсо Ғафурзода қайд кард, ки фаъолияти  муассисаҳои таълимии ноҳия назаррас буда, сифати таҳсилот ва донишандӯзии хонандагон нисбат ба солҳои қаблӣ пеш рафтааст. Дар соли сипаригардида 120 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ ширкат варзида, 41 нафарашон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои асосиест, ки имрӯз  дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Соли гузашта сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 240 ҷойи нишаст дар як баст анҷом дода шуд. Инчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд сохтмони 45 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ  бо фарогирии  1350 ҷойи нишаст дар як баст ва таъмири пурраи  муассисаи таълимии №2 идома дошта, дар арафаи ҷашни Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Тайи се соли охир теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия зиёд гардида, ба 7 адад расонида шуд, ки имрӯз дар онҳо 517 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш