Муҳофизати табиат ва сарватҳои он аз масъалаҳои муҳими давлату ҷамъият мебошад. Эълон намудан ва амалӣ гардидани барномаҳои “Об барои рушди устувор” исботи ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои миллатамон нисбат ба сарватҳои табиии мост.
Мо - омӯзгорони биология ва химия низ нисбат ба ин масъала набояд беаҳамият бимонем. Дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон дар масъалаи ҳифзи табиат ва экология бештар кор бояд бурд. Хушбахтона, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни экология омӯзонида мешавад. Ҳамчунин, дар ҷумҳуриамон ҳамасола 5 июн-Рӯзи ҳифзи муҳити зист қайд карда мешавад.
Шаклҳои муҳофизати табиат гуногунанд. Масалан, дар таълимгоҳи мо (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ) гузаронидани Рӯзи парандаҳо, сохтани лонаҳо барои онҳо, кабудизор гардонидани атрофи мактаб, шинонидан ва муҳофизат намудани дарахту буттаҳо, муҳофизати замин, мубориза ба муқобили сӯхтор ва вайронкунондагони тартиботи табиат мунтазам амалӣ карда мешавад. Ҳамасола хонандагони мо идҳои Наврӯз, Меҳргон, Садаро дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд. Фанни биология хонандагонро ба захираҳои табиат, олами наботот, ҳайвоноти рӯи замин ва муҳофизати он, мафҳумҳои алоқамандии организмҳоро ба муҳити беруна, компонентҳои биосфера, вобастагии табиату ҷамъият шинос менамояд. Дар курси география дар бораи муҳофизати атмосфера, об, канданиҳои фоидаовар, хок ва дар курси химияву физика дар бораи муҳофизати захираҳои об, сабабҳои ифлосшавии атмосфера ба хонандагон маълумот дода мешаванд.
Моҳира НАЗАРОВА,
омӯзгори химия
ва биология
Иловакунӣ
Иловакунии фикр