Нашрияи Омӯзгор

Луғат дар дарси забони англисӣ

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Дар ҷаҳони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ, хитоиву фаронсавӣ, испаниву олмонӣ аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Заминаи асосии пайдоиши шавқи хонандагон ба  забонҳои хориҷӣ мактаби миёна  маҳсуб меёбад. Хонандагонро аз хурдсолӣ ба омӯзиши забонҳо  ҷалб намудан зарур аст. Яке аз ҷанбаҳое, ки нутқи хонандагонро зуд инкишоф медиҳад, луғатомӯзӣ мебошад.  Луғатҳо вазифаҳои зиёдеро доранд. Вазифаи асосии тамоми луғатҳо ин мустаҳкамкунӣ, ба тартиб даровардан, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории дониш дар бораи ҳодисот ва дар бораи забони миллӣ ва аз як насл ба насли дигар додани ин дониш мебошад.

Мақсади кор бо луғат шинос намудани хонандагон бо намудҳои гуногуни луғатҳо ва дар онҳо ташаккул додани маҳорат ва малакаи дуруст истифода бурдани луғат аст.

Ҳамаи луғатҳоро аз рӯи ҳаҷмашон ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст: луғатҳои калон (unabridged), ки дар худ зиёда аз 100000 калима доранд;луғатҳои миёна (semi-abriged), ки дар онҳо аз 40000 то 100000 калима ҷойгир аст ва луғатхои хурд (abriged pocket size dictioneries), ки дар худ аз 10000 то 40000 калима доранд.

Новобаста аз он  ки шумо аз кадом намуди луғат истифода мебаред, бояд аз сохт, муҳтаво ва мундариҷаи он бохабар бошед.

Кор бо луғатро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки хонандагон шавқманд шаванд. Ҳамаи калимаҳо дар луғат ба тартиби алифбои англисӣ ҷойгир шудаанд. Барои маълумот алифбои англисӣ дар аввали луғат ҷойгир шудааст. Барои бо муваффақият луғатро истифода бурдан ва калимаи даркориро зуд ёфтан алифбои англисӣ ва тартиби ҷойгиршавии ҳарфҳои онро бояд ба пуррагӣ донист. Масалан, калимаи «white»  дар луғат пеш аз калимаи «write»   ҷойгир шудааст, барои он ки ҳарфи дуюми калимаи якум «h» дар алифбо пеш аз ҳарфи дуюми калимаи «write»-«r» ҷойгир шудааст.Дар вақти ҷӯстуҷӯи калима бояд ба инобат гирифт, ки луғат калимаро дар шакли асосиаш нишон медиҳад, дар он вақте  ки онҳо дар матн асосан дар шакли таҳияшуда вомехӯранд. Аз ҳамин сабаб, пеш аз ба луғат муроҷиат кардан калимаро ба шакли аввалааш бояд баргардонд. Имкониятҳои кор бо луғат дар мактаб зиёд аст,барои ҳамин методикаи истифодаи луғат дар рафти таълим муҳим мебошад. Истифодаи луғатҳои муколамавӣ ва дигар намудҳои луғат дар дарсҳои забони англисӣ ва берун аз дарс шавқи хонандагонро ба азхудкунии забонҳо бештар мекунад.

Маърифат АБДУРОЗИҚОВА,

Фазилат АБДУРОЗИҚОВА,

омӯзгорони забони англисии  гимназияи хусусии “Ҳиммат”-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш