Нашрияи Омӯзгор

Самари зиёди дарс-саёҳат

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Педагогика ба мо имкон медиҳад, ки таълими мавзӯъро аз ҳаёт, маҳал, шароит ва зарурати иҷтимоии миллии маҳалли худ оғоз намоем.

Ин тарзи кор моро аз карахтӣ ба фаъолмандӣ водор менамояд. Яксохту якнавохт гузаронидани дарсҳо ҳам хонанда ва ҳам муаллимро дилгир мекунад. Дарси ҳозиразамон аз омӯзгор донишу малакаи васеъ, таҷрибаи бой ва маъсулияти муҳимро тақозо мекунад. Баҳри ба ин мақсадҳо ноил шудан омӯзгор бояд пайваста маҳорати касбии хешро такмил диҳад, дарсро бо шаклу усулҳои фаъолу самарабахши таълим гузаронад. Ман муаллимаи фанни биология мебошам. Дар дарсҳоям пайваста аз имкониятҳои педагогикаи иртиботӣ васеъ истифода мебарам. Яке аз чунин имкониятҳо ташкили дарс-саёҳат мебошад.

Саёҳат яке аз шаклҳои муҳими ташкили омӯзиши фанни билогия мебошанд. Он дар шинос намудани хонандагон бо усулҳои тадқиқоти илмии биология, рушди қобилияти маърифатӣ, фаъолияти мустақилонаи хонандагон нақши муҳим бозида, аз омӯзгор тайёрии пешакиро талаб мекунад. Барои гузаронидани он омӯзгор бояд ба худ чунин нақша дошта бошад:

• мавзӯи саёҳат, объекти омӯзиш, вақти амалро муайян кунад; ба таври мушаххас дар бораи объект маълумот дошта бошад ва шогирдонро шинос гардонад; аз маъмурияти муассиса иҷозат гирифта, бо роҳбарияти таълимгоҳ мувофиқа намояд; хонандагонро аз лиҳози либосу ғизо (либоси махсус, нӯшокиҳо, хӯрок) омода намояд; лозим бошад, ягон дархости иловагӣ нависад.

Чунин тарзи нақшаи дарсро пешкаши омӯзгорон мегардонем.

Мавзӯъ: Занбӯри асал-парварӣ

Мақсади саёҳат: назарияро ба амалия татбиқ намудан; шинос намудани хонандагон ба ҷойи парвариши занбӯри асал; тасавуроти хонандагон баъди шиносоии онҳо бо ҳаёти занбӯри асал ва фоидаи он барои инсон.

Таҷҳизот: ашёи хониш, қуттиҳои занбӯр, ниқоб, либоси махсус барои хонандагон.

Баёни мавзӯи нав: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Дар макони асосӣ мутахассиси занбӯри асалпарварӣ ба шогирдон дар бораи тарзи парвариши занбӯр, тайёр кардан ғизо барои занбӯрҳо дар зимистон, ба ду оила ҷудо шудани занбӯри асал, шумораи занбӯри асал, афзоиши онҳо, давомнокии умри онҳо ва фаъолияти фоиданоки занбӯри асал маълумот медиҳад. Дар мубоҳиса хонандагон ба мутахассис саволҳои зеринро пешкаш карданд:

1.Аз як оила чанд кг асал мегиранд?

2.Оё дар гардолуд кардани дарахтони мевадор саҳми занбӯри асал ҳаст ё не?

3.Занбӯрпарварӣ чӣ фоида дорад?

4.Мақсади парвариши занбӯр аз чӣ иборат аст?

5.Хусусияти шифобахши асалро гуфта диҳед.

• Супориши вазифаи хонагӣ. Барои дарси оянда тайёр намудани ҳисоботи саёҳати имрӯза (ё навиштани эссе).

Сайёра АЛОВАТШОЕВА,

омӯзгори  мактаби №8, ноҳияи Рӯшон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш