Нашрияи Омӯзгор

Чаро телефони мобилӣ зарар дорад?

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

Як навори машҳур дар интернет мечархад, ки бинандаҳои зиёд дорад: вақте аз дасти кӯдак телефонро мегиранд, ӯ доду фарёд бардошта, худро ба замин мепартояд ва ҳамин ки телефонро ба дасташ медиҳанд, аз гиря бозмеистад. Аён аст, ки кӯдак аллакай ба телефон сахт вобаста шудааст. Ҳамчунин, ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мо наврасону ҷавононеро вомехӯрем, ки худ ба худ ҳарф мезананд. Чун наздиктар мешавем, мебинем, ки ба воситаи “наушник” суҳбати телефонӣ доранд...

Дар ҷомеаи имрӯзии тоҷикон телефони мобилӣ ҳамчун абзори корӣ не, балки дар аксари хонаводаҳо ба бозичаи кӯдакону наврасон табдил ёфтааст. Аз зарари ҷисмию равонии телефони мобилӣ бисёр гуфтаанду навиштаанд. Аввалин бор ин дастгоҳ дар Шветсия пайдо шудааст ва дар бораи зарарҳои он низ аввалин бор олимони шведӣ бонги хатар задаанд. Онҳо таъкид карданд, ки майдони магнитии телефон ба саломатии инсонҳо, хусусан, ба кори узвҳои дохилӣ ва майнаи сар таъсири манфӣ мерасонад. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳад, ки аз таъсири фалокатбори телефони ҳамроҳ инсон ба безурётӣ ва ҳатто, бемории саратони мағзи сар гирифтор мешавад. Соли 2006 олимони итолиёвӣ эълон карданд, ки дар натиҷаи таъсири номатлуби телефони мобилӣ ашхоси гирифтори бемории саръ (эпилепсия) эҳтимоли хурӯҷи бештари дардашон вуҷуд дошта метавонад. Ин табибон ба онҳое, ки аз бемориҳои асаб ранҷ мебаранд, истифодаи тӯлонӣ аз телефонро тавсия намедиҳанд. Майдонҳои электромагнитӣ барои кӯдакон, занҳои ҳомила, ашхоси гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб... хатари зиёд дорад. Олимон чунин аломатҳои таъсири манфии майдони электромагнитиро муайян кардаанд: чархзании сар, дилбеҳузурӣ, ноҳинҷорӣ, эҳсоси гармӣ дар атрофи гӯш, хастагии аз ҳад зиёд...

Кормандони Институти фаъолияти асаб ва нейрофизиологияи Федератсияи Россия ба наздикӣ исбот карданд телефоне, ки рӯшан аст (режим ожидания), марҳилаҳои (фаза) муҳимми хоби инсонро вайрон мекунад. 

Таҳқиқот дар бораи таъсири майдонҳои электромагнитӣ солҳои зиёдест, ки давом доранд. Бо дахолати ширкатҳои мобилӣ ба раванди баъзе тадқиқотҳои илмӣ халал ворид карда шудааст, зеро ин ширкатҳо хоҳони он нестанд, ки зарарҳои телефони мобилӣ ба оммаи васеи мардум ошкор гардад. Дар ин соҳа пули калон дар гардиш аст. Дар натиҷаи ҳавасмандии иқтисодӣ натиҷаҳои ҳақиқии таҳқиқот пинҳон дошта мешаванд. Дар ин бора ҳодисаҳои зиёдеро метавон мисол овард. Дар арафаи конгресси ҷаҳонӣ дар бораи ташхиси потенсиали кансерогенӣ ҷанҷоли калон рӯй дод. Маълум шуд, ки гунаҳкори он роҳбари гурӯҳи мутахассисон, профессор Андерс Ахлбом мебошад. Роҳбарони бархе аз ширкатҳои мухобиротӣ ба ӯ як миқдор пул дода, талаб карданд, ки Андерс Ахлбом афканишоти магнитии телефонҳои мобилиро “безарар” унвон кунад, аммо тирашон хок хӯрду нияту амалҳои бадашон ошкор гардид. Дар чанд кишвари дигар ҳам чунин ҳодисаҳои ногувор рух додаву фаъолияти чанд олими соҳаи технологияҳои иттилоотӣ айни замон таҳти бозпурсии ниҳодҳои дахлдор қарор доранд. Бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барномаи махсус таҳти унвони “Майдонҳои электромагнитӣ ва саломатии инсон” роҳандозӣ гардидааст. Ба ин масъала дар тамоми ҷаҳон диққати махсус медиҳанд. 

Муовини директори Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Вазорати маориф ва илми кишвар Бобоҷон Ғаюров мегӯяд, ки имрӯзҳо дар ҳар як хонавода 2 ва ё бештар аз он телефонҳои мобилӣ мавҷуданд. Мутаассифона, кӯдакону наврасон аз тариқи он соатҳо ба бозиҳои шавқовар машғул мегарданд. Истифодаи бемаврид ва дурударози ин дастгоҳҳо зарарнок буда, бештар хурдсолон зери таъсири мавҷҳои хатарноки он мемонанд, зеро организми кӯдакон чандон рушд наёфтааст ва ба омилҳои хатарзои атроф ҳассос аст. Дар таҷрибаҳо исбот гардидааст, ки  телефони мобилӣ на танҳо ба майнаи сар, балки ба ҳамаи узвҳо таъсири манфӣ мерасонад Бинобар ин, ҳамчун мутахассиси соҳа тавсия медиҳам, ки истифодаи телефони мобилӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда шавад.

Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ изҳор дошт, ки телефони мобилӣ мисли дигар васоити техникии замони муосир ҷиҳатҳои мусбату манфӣ дорад. Баъзеҳо ба телефон вобаста мешаванд, онро мисли як узви худ медонанд.

Ба гуфтаи омӯзгори муассисаи таълимии №48-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Нигина Талбакова, аксари хонандагон аз тариқи телефони мобилӣ ба шабакаҳои интернетӣ ворид шуда, шабҳо ба ҷои истироҳат соатҳои тӯлонӣ ба тамошои филму наворҳо машғул мегарданд. Субҳ, дар мактаб ба ҷои дарс омӯхтан хобашон мебарад, ки ин албатта, ба саводомӯзии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре маълум аст, одами миёнасол дар як шабонарӯз 7-8 соат ва наврасону ҷавонон бошанд, аз 8 то 10 соат бояд бихобанд. Вақте наврас шаб то қариби субҳ машғули телефонбозист, табиист, ки бехобии зиёд ӯро асабонию зудранҷ мекунад. Ба ин хонандагон илму дониш омӯхтан мушкил мешавад, зеро зеҳнашон кунд мегардад. Баъзан ин гуна бачаҳо оромии синфро барҳам зада, ба раванди машғулият халал мерасонанд.  Ба гуфтаи аксари омӯзгорон, ҳарчанд дар боби 2, моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муроҷиат ба волидон қайд гардидааст, ки «ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд», аммо ин бандро аксари падару модарон нодида мегиранд.

Ба андешаи табиби гӯш, гӯлу ва бинии Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе Холмуҳаммад Ҷӯраев, дар натиҷаи гуфтугӯи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ садопардаҳо осеб дида, торҳои асаби шунавоӣ нуқс пайдо мекунад, ки онро дар илми тиб «омоси асаби шунавоӣ» (кохлеарный неврит) меноманд. Бо «наушник»-ҳо мусиқии баланду гӯшхарошро зиёд шунидани ҷавонон низ оқибатҳои хуб надорад, чунки ба садопардаҳо фишор меорад.

Саидбурҳон Шарифов, духтури чашми Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» мегӯяд, ки  аз сабаби бисёр нигоҳ кардан ба экрани телефони мобилӣ одам метавонад ба бемории хушкшавии оби чашм гирифтор шавад. Ҳамчунин, таъсири нурҳои он чашмҳоро бисёр хаста мекунанд.

Устоди факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Номвар Қурбонов бар ин андеша аст, ки солҳои охир бештар масоили хавфи кансерогении майдони электромагнитии басомади саноатӣ 50-60Ҳс ва фавқулбасомад-300МҲс-30ГҲс мавриди  муҳокима қарор гирифтаанд. Басомади системаи алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои беноқилии компютерӣ бошад,  таносубан ба ҳудуди басомадҳои 900МҲс, 1800МҲс, 5-60ГҲс ва 2,4-5ГҲс мансубанд. Аҳамияти иҷтимоӣ доштани муаммои амнияти электромагнитӣ дар замони имрӯза эътироф гардидааст. Нейрохирурги шведӣ, профессор Лэйф Сэлфорд таъкид мекунад, ки таҷрибаи бузургтарини биологие, ки дар бани башар гузаронидаанд, ин афканишоти электромагнитии телефони мобилӣ ба мағзи сари инсон мебошад.

Ҳар як нафар бояд маърифату фарҳанги истифодаи ашёи техникиро бидонад. Дар фарҷом оид ба кам кардани зарарҳои афканишоти майдони магнитии телефони мобилӣ чанд тавсияро бароятон пешниҳод мекунем:

1. Аз телефони мобилӣ ҳар чи камтар бояд истифода баред. Дар як занг 2-3 дақиқа суҳбат кардан кофист. Давомнокии гуфтугӯҳои телефонӣ бояд аз 10-15 дақиқа дар як шабонарӯз зиёд набошад.  

2. Дар маконҳое, ки мавҷ хуб нест, аз қабили лифт, таҳхонаҳо, нақлиёт, деҳаҳои дурдаст… аз он истифода набаред, зеро дастгоҳ барои мавҷёбӣ афканишоти магнитии зиёд хориҷ мекунад.

 3. Ҳангоме ки ба касе занг мезанед, телефонро дар гӯш нагузоред, чунки афканишоти электромагнитии зиёд хориҷ мешавад, ки барои мағзи сар зараровар аст.

4. Ба фарзандони хурдсолатон иҷозат надиҳед, ки аз телефони мобилӣ истифода кунанд.

5. Вақти истифодаи телефонро барои занони ҳомила низ маҳдуд намоед.

6. Бо телефони мобилӣ дар як бистар нахобед. Телефон ҳадди ақал аз шумо дар масофаи 5-7 метр дур бояд бошад. Беҳтараш онро пеш аз хоб ҳатман хомӯш кунед.

 

 Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш