Коршиносони соҳаи маориф бар он назаранд, ки имрӯз масъалаи китобдориву китобхонӣ дар вилояти Хатлон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
-Дар бораи мутолиаи китобҳои бадеӣ ва қироатхона доштани китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар умум ҳарфи мусбате наметавон гуфт, зеро дар вилояти Хатлон 221 муассиса на танҳо қироатхона, балки китобхона надоранд, - гуфт намояндаи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии илмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Давлатмурод Ишмуродов.
Мавсуф илова намуд, ки сабаби аслии муваффақ нашудан дар самти китобдорӣ надоштани ҷойи нигоҳдошти китобҳо ва мутахассисон мебошад. Дар як вилояти калонтарини кишвар, ки дорои 1377 муассисаи таълимӣ мебошад, ҳамагӣ 46 мутахассис дорем, ки ин боиси ташвиш аст. Дар ҳоле ки аз 1377 муассисаи китобхонадор 1331 муассиса китобдори тахассусманд надорад.
- Барои баланд бардоштани фаҳмиш ва дониши китобдорон семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда мешавад, вале дар ин самт низ муваффақ шудан мушкил аст, - илова намуд Д. Ишмуродов. - Зеро 243 нафар китобдори мо маълумоти ҳирфаӣ надоранд. Яъне баъди хатми мактаб ба ҳайси китобдор ба кор пазируфта шудаанд. Ҳамон маълумоте, ки дар давраи мактабхонӣ гирифтаанд, дар раванди корӣ истифода мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои дур мондани наврасону ҷавонон аз китобхонӣ дар бисёр вақт баста будани дари китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ мебошад. Сабаби дигар, дуруст ба роҳ монда натавонистани тарғибу ташвиқ миёни муҳассилини муассисаҳо ва набудани китобҳои лозима аст. Дар муассисаҳои таълимӣ низ бояд шакли электронии китобҳо дастрас карда шаванд, то хонандагон аз он истифода кунанд. Мутаассифона, дар ин бора орзу кардан барвақттар аст. Зеро шумораи бисёр маҳдуди китобхонаҳои муассисаҳои таълимии мо компютери пайваст ба интернет доранд. Агар бошад ҳам, китобдоронамон аз онҳо истифода карда наметавонанд, ки ин ба мушкили мавҷуда боз мушкилӣ зам мекунад.
Махсусан, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо китобҳои мактабиро дар анборхона ҷой мекунанд. Маълум кардан мушкил аст, ки он ҷой китобхона аст ва ё анборхона.
- Масалан, мушоҳида кардем, ки дар як утоқ китобҳои дарсиву бадеӣ, компютерҳои кӯҳна, орду равған ва дигар озуқаворӣ нигоҳ дошта мешавад. Он ҷо боз китобдор фаъолият мебарад, - гуфт Давлатмурод Ишмуродов. - Имрӯз дар вилояти Хатлон ба 2 миллиону 500 ҳазор китоби дарсӣ ниёз дорем. Илова бар ин, шумораи хонандагон ҳамасола меафзояд. Масалан, имсол аз соли таҳсили гузашта 22 ҳазор хонанда зиёд шудааст. Мушкилоти дигари ҷалби сусти хонандагонро ба китобхонӣ коршиносон дар фаъолияти ғайриқаноатбахши маҳфилҳои беруназсинфӣ медонанд. Гуфта мешавад, ки маҳфилҳои «Дӯстдорони китоб» ва озмунҳои «Китобхони беҳтарин» дар сатҳи лозима гузаронида намешаванд.
С.АЗИЗӢ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр