Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, раҳнамоиҳои дурандешона дар ин бобат ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа - маориф низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мушкилоти онро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.
Дар ин самт мутахассисон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин омода карда мешаванд. Дар ин бора Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Масъалаи аз ҳама муҳим омода кардани мутахассисони соҳаи технологияи ҳастаӣ мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Академияи илмҳо гуфт, ки моҳи июни соли 2018 конфронси сатҳи байналмилалӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи реакторӣ ва соҳаи физикаи ҳастаии давлатҳои Чин ва Россия доир гардид. Дар он намояндагони ширкати «Китайатом», «Росатом» ва Институти ба номи Курчатов иштирок намуданд. Дар он тамоми паҳлуҳои вобаста ба фаъолияти ин реактор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
«Қисме аз мутахассисон дар Федератсияи Россия дар базаи институтҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ҳастаи «МИФИ» (Национальный исследовательский ядерный университет «МИФИ») ва дигар сохторҳое, ки ба «Росатом» тааллуқ доранд, омода мешаванд. Қисми дигар дар базаи Институти энергияи ҳастаии Пекин, Ченду, ки онҳо бо ширкати «Китайатом» бевосита ҳамкории зич доранд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аллакай дар ин самт аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд, 23 нафар интихоб шудаанд ва рӯзҳои наздик онҳо ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафарбар карда мешаванд. Баробари ба охир расидани корҳои барқароркунӣ дар реактор мутахассисони ватанӣ омода мешаванд ва аз ин дастгоҳ бевосита худи онҳо истифода мебаранд»,-илова кард Фарҳод Раҳимӣ.
Фаъолияте, ки бо истифодаи реактори «Аргус-ФТИ» анҷом дода мешавад, ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам бо мақсадҳои осоишта равона мегардад. Яъне ба воситаи он мо метавонем корҳои илмӣ-татқиқотии муштаракро ба роҳ монем. Реактори «Аргус» аввалан самтҳои фаъолияти бисёрҷабҳа дошта, метавонад дар як вақт зиёда аз 40 вазифаи илмиро иҷро кунад. Баъдан, таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур ва муфид аст, ки мо имрӯз ба он эҳтиёҷ дорем.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр