Нашрияи Омӯзгор

Шӯрои дифоъ таъсис меёбад

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

6 феврал дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ноиби ректор оид ба таълими муассиса Саъдулло Каримов қайд кард, ки дар консерватория ба масъалаи сифати таълим, таҳия ва татбиқи стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ-методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва эҷодиву иҷрокунандагӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Таҳсил аз рӯйи ду низом: муқаррарӣ ва кредитӣ ҷараён мегирад. Ба муассисаи таълимӣ он довталабоне дохил шуда метавонанд, ки маълумоти мусиқии миёнаи махсус дошта бошанд, аз ин сабаб, имсол нақшаи қабули донишҷӯён сад дар сад иҷро нашуд, вале дар оянда умедворем, ки кор ранги дигар мегирад. Донишҷӯёни мо аз минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе буда, нозукиҳои санъату ҳунари касбиро меомӯзанд. Аммо бояд гуфт, ки аз минтақаи Рашт ягон донишҷӯ айни ҳол дар ин даргоҳи маърифат таҳсил намекунад. Муассиса фаъолияти хешро дар самти робитаҳои байналмилалӣ низ хуб ба роҳ мондааст. Устодону профессорон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик омада, ба донишҷӯён дарси маҳорат (мастер класс) мегузаронанд. Ҳамчунин, ҳамкориҳо бо консерватория Ҷумҳурии Халқии Хитой,  Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва  Озарбойҷон роҳандозӣ гардидааст. Қобили қайд аст, ки устодону донишҷӯён низ ба кишварҳои гуногун, аз қабили Қатар, Федератсияи Россия, Муғулистон сафарҳои ҳунарӣ дошта, фарҳангу ҳунари моро дар чорабиниҳои сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд. Ноиби ректор афзуд, ки ба наздикӣ дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шӯрои дифоъ ба фаъолият мепардозад. Дар ин замина аллакай корҳои зиёдеро ба сомон расонидем, аз ҷумла, барои нашри маҷаллаи илмӣ низ иҷозатнома гирифтем. Аксари устодону омӯзгорон рисолаҳои илмӣ омода кардаанд ва дар сурати ба кор шурӯъ кардани Шӯрои дифоъ метавонанд бе мушкилӣ рисолаҳои худро ҳимоя кунанд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш