- Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада сохтори нав таҳия гардид, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг тасдиқ шуд. Тибқи сохтори нав чанд кафедра, аз қабили бойгоншиносӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, технологияи телевизион таъсис ёфт, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, узви вобастаи АИ ҶТ Хайриддин Идиев. Ҳамчунин, қайд гардид, ки нақшаҳои таълимии бахши ғоибона оид ба тахассусҳои амалкунандаи донишкада, бо назардошти талаботи гузариш ба низоми фосилавӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми кишвар аз нав таҳия ва тасдиқ гардиданд. Бо мақсади пурра татбиқ намудани низоми фосилавӣ дар донишкада Маркази таҳсилоти иловагӣ таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои ректор, дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ факултаи санъати мусиқии мардумӣ созмон дода шуд. Дар баробари ин, бо мақсади пурра татбиқ кардани низоми кредитии таълим синфхонаҳои лексионӣ бо воситаҳои техникии муосир таъмин гардиданд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои дигари фаъолияти донишкада маҳсуб меёбад. Дар ин доира ин муассисаи таълимӣ бо Консерваторияи давлатии шаҳри Москва ба номи П. И. Чайковский, бо Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Кобули ҶИА, Донишкадаи давлатии санъат фа фарҳанги Красноярски Федератсияи Россия, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди муассиса қасри варзишии дуошёнаро созад. Ҳамчунин, ду бинои таълимӣ, бинои хобгоҳ ва чанд синфхонаи иловагӣ барои фаъолият дар шакли таҳсилоти фосилавӣ тармиму азнавсозӣ карда хоҳанд шуд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр