Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Ваҳдат: 500 иншоот бунёд мегардад

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат то соли 2021 дар ҷойи муассисаҳои таълимии садамавӣ 15 адад мактаби замонавӣ бунёд мегарданд. Ҳамчунин, вобаста ба саноатикунонии мамлакат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода  зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Бино ба иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат, дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар ҳудуди  шаҳр ва ҷамоатҳои он зиёда аз 500 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд. Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2018 дар шаҳри Ваҳдат 5521 ҷойи кор  таъсис дода шуд, ки аз ин 71,7 фоизаш ҷойи кори доимӣ мебошанд. Бо бунёд гардидани беш аз 500 иншооти дигар то  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё мешавад.

Дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ

6 феврал дар  шаҳри Бӯстон муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар партави омодагиҳои сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ машварати корӣ доир намуд. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Бӯстон ба ин муносибат бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 155 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.

Муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар оид ба аҳамияти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръат, ки 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон намуданд, инчунин, дар бораи имтиёзҳое, ки  аз ҷониби  Сарвари давлат барои соҳибкорон ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ муқаррар карда шудаанд, сухан гуфта, соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстонро баҳри афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар раванди ободониву созандагии шаҳр даъват намуд.

Соҳибкорону шахсони саховатпеша ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иброз доштанд, ки бо илҳом аз муқаррар намудани имтиёзҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди рушди соҳа баҳри вусъати фаъолият тадбирҳои судманд хоҳанд андешид.

Роғун: агрегати дуюми НБО-и Роғун ба истифода дода мешавад

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун соли сипаришуда як муассисаи таълимӣ, 4 коргоҳи истеҳсолию фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, 3 майдончаи варзишӣ ва як ҳаммому сартарошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд.

Тибқи нақша, имсол дар шаҳр дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ як осоишгоҳ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокии тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин нукта  зимни нишасти матбуотӣ таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки соли 2019 агрегати дуюми НБО-и Роғун ба истифода дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани маросими ба истифодадиҳии агрегати дуюми неругоҳ дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён доранд.

 

Таҳияи Н. Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш