Нашрияи Омӯзгор

Рушдафзои соҳаи маориф

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) нуктаҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда тавзеҳ ёфтанд ва ҳамзамон оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқ ва тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Дар Паём чун ҳарсола ба соҳаи илму маориф диққати хосса дода шудааст. Аввалан, маориф дар сиёсати давлат соҳаи афзалиятнок ҳисобида шудааст, сониян, таҳкими иқтидори илмии кишвар ба низоми маорифи рушдёфта иртиботи қавӣ дорад. Бинобар ин, дар Паём ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълим, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникиро вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф ҳисобидаанд. Ислоҳоти соҳаи маориф аз соли 2004 оғоз шудааст ва ин кор идома меёбад. Бояд ислоҳоти соҳа ҳар як зинаи таълимро фаро бигирад. Ислоҳоти идомадошта собит сохта, ки дар зинаи томактабӣ ҳам ин корро ба таври ҷиддӣ бояд ба роҳ монд, зеро пойдевори таълиму  тарбия дар он ҷо гузошта мешавад. Бинобар ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин зинаи таҳсилот – зинаи таҳсилоти томактабӣ мавқеи хосса дорад.

Дар Паём таъкид гаштааст, ки «бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем». Дар назар дошта шудааст, ки дар се соли оянда шабакаҳои муассисаҳои томактабӣ васеъ гардонида шуда, дар муддати мазкур беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд гардад.

Агар тибқи таъкиди дар Паём зикршуда то соли 2021 ба муассисаҳои томактабӣ сӣ фоизи кӯдакон фаро гирифта шаванд, дар муддати кӯтоҳтарин дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ рух дода, ба пешравии назаррас ноил гаштан аз эҳтимол дур нест. Дар Паём тамоми бурду бохти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон, бахусус соҳаи маориф, инъкос гардидааст. Воқеан, агар фаъолияти кормандони соҳа шаффоф, назорату баррасиҳо саҳеҳу холисона, баҳодиҳию унвондиҳиҳо воқеъбинона, кадрҳои лоиқу муносиб дар ҷояшон, қадрдониҳои мунсифонаи фаъолиятҳои омӯзгорону олимон, хидмати шоиста ба нафъи кишвар, дасту дили пок ва муносибати неку шоиста ба халқу кишвар имкон медиҳад, ки на танҳо сифати таълиму тарбия, балки сифати ҳамаи кору фаъолият ва муомилаю муносибат боз ҳам хубтар гардад.

Дар Паём аз заҳмати устодону омӯзгорон ва қадрдонии онон сухан меравад, ки хеле баҷою бамавқеъ аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи омӯзгорон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Пайваста сол ба сол афзудани маоши омӯзгорон далели ин гуфтаҳост.

Дар Паём барҳақ таъкид шудааст, ки «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем».

Сад дар сад ҳамин тавр ҳаст. Агар беҳтарин китоби дарсӣ, маводи дидактикӣ, васоити техникии таълим ва муҷаҳҳазтарин синф муҳайё ва ба ихтиёри омӯзгор гузошта шавад, вале ӯ кор накунад, дурри мақсуд ба даст намеояд.

Басо хуб аст, ки бо дарназардошти тағйирёбанда будани шароит ва муҳтавои маводи тадрисшаванда дар Паём ҳар се сол аз аттестатсия гузаштани кормандони соҳаи маориф дар назар дошта шудааст. Нуктаи дигари басо муҳим, ки дар Паём таъкид гардидааст, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ мебошад. Воқеан, ин масъала нигаронкунанда аст. Аз таъкидоти Президенти муаззами кишварамон бармеояд, ки дар робита ба роҳ мондани таълими ин забонҳо бояд ҷиддӣ кор кард ва тадбирҳо андешид. Дар бораи ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гаштан дар қадами аввал корҳои зерин бояд анҷом дода шаванд:

- стандартҳои фаннию барномаҳои таълими ин фанҳо таҷдиди назар гарданд;

- китобҳои дарсии забонҳои русиву англисӣ бо дарназардошти муносибати коммуникативӣ комилан аз нав таҳия ва пешниҳод гарданд;

- маводи дидактикии ба талаботи замон ҷавобгӯ таҳия ва пешниҳод карда шаванд;

- тартиби тайёр кардани омӯзгорон дар макотиби олӣ комилан ва ба таври ҷиддӣ таҷдиди назар гардад, яъне на ба миқдор, балки асосан ба сифат бояд эътибор дод.

- таҳқиқоти бунёдии педагогию методӣ бо назардошти махсусияти кишварамон дар ин самт анҷом дода шавад.  Асосан таҳқиқотҳои солҳои охир дар ин соҳаҳо рӯбардори таълифоти олимони рус ё кишварҳои дигар ва ё интернетанд. Ин аст, ки онҳо дар таълим самараи хуб намедиҳанд, зеро ба табиати мактабу хонандаи мо бегонаанд. Ва он лоиҳаҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, усули корашон заминаи воқеӣ надоранд. Кори олимони соҳаи педагогика ва методика рӯбардору пешниҳоди маводи интернет асту халос. Тақлиди айнӣ ё кӯр – кӯронаи ҳама гуна амал бенатиҷа хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, даҳҳо лоиҳа фаъолият карданд, вале бо хатм ёфтани онҳо ягон корӣ онҳо идома наёфт.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифро роҳнамоест ва он тамоми самтҳои соҳаро  фаро гирифтааст ва дар соли 2019 ва минбаъд ба кадом ҷиҳатҳо эътибори хосса доданро таъкид сохтааст.

 

Саидамир Аминов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш