Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи экологии хонандагон  тавассути фанни биология

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

Дар тарғиби донишҳои экологӣ ва тарбияи муносибати ғамхорона ба табиат мавқеи мактаб ниҳоят калон аст. Хонандагон дар ҷараёни омӯзиши ҳар як фанни таълимӣ бояд дар бораи табиати олами атроф, сарватҳои бебаҳои он маълумот гирифта, донанд, ки имрӯз табиати забои мо муҳтоҷи ёрӣ ва муҳофизат мебошад.

Барои тарбияи экологии хонандагон аз рӯзҳои аввали таҳсил ҷидду ҷаҳд намуда, дар ин роҳ аз ҳамаи восита ва усулҳои самаранок истифода бояд бурд. Аз ҷумла, дар дарсҳои биологияи синфҳои 1-6 ба хонандагон дар бораи олами набототу ҳайвонот, табиати кишварамон маълумот дода, ба воситаи ҳалли масъалаҳо онҳоро ба ҳифзи сарватҳои бебаҳои табиати Ватан омода кардан зарур аст. Ҳоло якчанд гурӯҳи масъалаҳоро меорем, ки онҳо барои тарбияи ҳисси табиатдӯстии хонандагон аҳамияти калон дорад. Масъалае, ки ба олами наботот ва ҳайвонот  марбутанд:

Масъалаи 1. Барои он ки саломатӣ хуб бошад, ҳар кас рӯзе бояд 300 грамм ангур хӯрад. Дар як моҳ як одам бояд чӣ қадар ангур хӯрад? Баъди иҷрои кори мустақилона ба хонандагон дар бораи фоидаи ангур нақл карда гуфтан лозим аст, ки дар кишвари офтобии мо 211 навъи ангур парвариш мешавад, мутаассифона, бисёре аз онҳо нест шудаанд.  

Масъалаи 2. Челон дарахти қадима буда, мева ва пӯстлохи он шифобахш аст. Аз як бех челон 60 кг мева мегиранд. 100 бех дарахти челон чанд кг мева медиҳад?                  

Масъалаи 3. Дар дарё, кӯлу обанборҳои Тоҷи-кистон 40 намуди моҳӣ мавҷуд аст, ки аз он 10 намудаш шикорбоб мебошад. Чанд намуди моҳиро шикор кардан мумкин нест?

Масъалаи 4. Аз 44 намуди  хазандаи кишварамон 19 - тоаш ба «Китоби сурх» дохил шудааст. Чанд намуди хазанда боқӣ мондааст?

Бо дигаргун шудани вазъи сиёсии кишвар шароити экологӣ низ ба табаддулот дучор гардида, моро ба нуқсонҳои гуногун рӯ ба рӯ сохт. Аз ҷумла, созгор намудани муҳити экологӣ бемориҳои зиёди сироятиро ба миён овард. Дар ин маврид муҳити экологии мактабҳо басе ташвишовар гардид. Махсусан, муҳити экологии синфхонаҳо дар деҳот аксаран ба талаботи рӯз ҷавоб гуфта наметавонанд. Дар баъзе синфхонаҳо асбобҳои гармидиҳанда дида намешавад, ки ин ба саломатии ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон зиёновар мебошад. Аз тарафи дигар, баъзе синфхонаҳо куҳна ва фарсуда шуданд. Фикр мекунем барои ин, пеш аз ҳама, мактаббача дар бораи экология, муҳити зисти худ бояд аз синни хурдӣ тасаввурот пайдо намояд.     Дар ин самт саҳми волидайн муҳим буда, тарбияи хонаводагии фарзандро дар доираи васеи маърифатӣ бояд ба роҳ монанд. Ба андешаи мо, таълими фанни экология хубтар мешавад, агар аз синфҳои 4-5 шурӯъ карда шавад.

Мутаассифона, фанни экология дар нақшаи таълимӣ танҳо дар синфи 9-ум омӯзонида мешавад. Хуб мешуд, ки дар синфҳои 5-6 «Экологияи наботот», дар синфи 7-8 «Экологияи ҳайвонот» ва дар синфи 9 «Экологияи умумӣ» - ро таълим диҳем. Агар кор чунин ранг гирад, яъне хонанда дар бораи экологияи  набототу ҳайвоноти маҳаллу кишвари худ, алалхусус, дар бораи экология ва муҳити зисти худ аз синни хурдӣ чизеро донад, ҳамагуна мушкилоти экологиро мо бо осонӣ ҳал карда метавонем. Дар робита ба ин, ташкил додани маҳфилҳои фаннӣ дар мактабҳои миёна судманд аст. Дар мактабҳо ташкил кардани гӯшаи «Экологияи табиат», «Экологияи ҳайвонот», «Экологияи одам» низ аз манфиат холӣ нест. Ҳамин тавр, бо чунин роҳҳо метавонем маърифати экологии мактаббачаҳоро баланд бардорем.

 

Баҳрон Зулфонов,

мудири бахши масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-солаи Пажӯҳишгоҳи          рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш