Телефонро аз рӯйи мизи корӣ бо шитоб ба даст гирифта, рамзи вурудашро тасвир кард ва ба рӯйи барчасбҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар саҳфаи телефон канори ҳам, бо назми махсус қарор доштанд, дида дӯхт. Дасташ беихтиёр ба рӯйи барчасби Фейсбук рафт. Шояд бори садум буд, ки телефонро рӯшан намудаву ба Фейсбук ворид мешуд ва саҳифаи ӯро «разведка» мекард. Дари месенҷерро ҳам ба умед кушод, паёмҳо хеле зиёд буданд, вале аз дигарон. Андуҳи сарде дилашро фаро гирифт.
- «Дил майли ту дорад, дигаронро чӣ кунам?» Охир, куҷоӣ, чаро наменамоӣ? Ман аз субҳи барвақт интизорӣ мекашам, тамоми рӯз сари компютер нишастаам, то аз ту саломе расад. Ақаллан як маротиб биё, аз даричаи «чат» саломе бидеҳу бирав. Ба гумонам, кори мушкиле нест-ку. Наход, чанд сония вақт пайдо накунӣ!?-худ ба худ мегуфт духтарак.
-Худоё, бо ман чӣ шуда? Чаро шавқам ба ақлам боло гирифтааст? Ишқаш ҳамин бошад? - аз гуфтааш шармид, ба рӯйи сафедаш сурхӣ дамид ва пиндошт, ки ҷавон ҳарфи дили ӯро шунид. Ноутбукро ба кор андохт, сурудҳои Гугушро, ки ошиқи садояш буд, гӯш кард, аммо фаҳмид, ки дар ин ҳол овози булбул ҳам ба гӯшаш намефорад. Сафҳаи вордиро кушода, кӯшид ҷумлаҳои нотамомашро ба охир расонад, зеро вақти корӣ ҳам ба поён мерасид. Бояд барвақттар хона мерафт. Саҳар модар гуфта будаш:
- Худамро бад ҳис мекунам, ба назарам, фишорам баланд шудааст, агар имкон биёбӣ, аз кор зудтар баргард, духтарам…
«Аз афташ, модарам боз дар бораи ману тақдири ояндаам фикр кардааст, чаро беҳуда ғам мехӯрад, ҳама кор вақту соат дорад, охир» - аз дил гузаронд духтарак.
Духтараки порсову дидадароест, аммо ҳанӯз, ба қавли хешу табор «бахташро наёфтааст», аз ҳамин ҷиҳат модар каме нигарон аст.
Аз хурдӣ орзуҳояш аз дигар ҳамсолонаш фарқ дошт, ҳаёти одию маъмулиро намеписандид, духтарак… Донишгоҳро хатм карда, ҳуҷҷат гирифт, кори хуб ҳам ёфт, ба гуфтаи бибияш «усталшин» шуд, аммо барои издивоҷ фикр намекард, фақат банди таҳсилу сайқал додани ҳунар буд, шуҳрату мартаба мехост, «касе» шуданӣ буд. Хушбахтона, орзуҳояш ҷомаи амал пӯшиданд, духтарак акнун шахсест, ки дар ҷомеа мавқеъ ва ҷойи худро дорад. Лекин ба андешаи атрофиён «пирдухтар» шудаву бозори харидоронаш сард гардида. Ва акнун модар бонги изтироб мезанад:
- Хондӣ, тамом кардӣ, бояд аз пайи зиндагӣ ҳам шавӣ, бахти худро биёбӣ. Ҳар инсон садҳо дӯсту душман дорад. Ҳар рӯз ҳамсояҳо, хешу табор, кунҷковӣ мекунанд, ки очаи Гулрӯ, тӯйро кай мехӯрем? Ҷияни Садафро хуш накардӣ, хафаи зор шудааст ва ӯ аз ҳама бештар писхандомез мепурсад. Фикри моро ҳам бикун, бачам, бояд бо «обрӯи муҳаммадӣ» ба шавҳар бароӣ …
-Аҷаб мардуме ҳастанд, чӣ кор доранд ба духтари як кас? Ман ба онҳо коре надорам, ку?! Ба ҷои бинияшонро ба зиндагии дигарон халонидан бояд китоб хонанд, соҳиби касбу кор бишаванд,-мегуфт духтар бепарвоёна, зеро мутмаин буд, ки шоҳзодаи бахташ рӯзе бо аспи сафед меояду ӯро пайдо мекунад. Аммо модар ташвиш дошт барои ояндаи духтараш, аз ин рӯ, чунин гуфтугӯҳо рӯздармиён байни модару духтар иттифоқ меафтоданд.
Ба духтарак Худованд табъи нозуку завқи баландеро ато карда буд. Дар зоҳир аз дигар духтаракони ҳамсолаш фарқи зиёде дар ӯ дида намешуд, аммо дар ботин дунёи дигар дошт. Агар бо ӯ ҳамсуҳбат мешудӣ, эҳсос мекардӣ, ки мисли ҳама нест, аз дигар ҳамсолонаш дар нигоҳу нуқтаи назар тафовут дорад. Аҳли мутолиа буд. Китобҳоеро, ки ба дасташ меафтод, бо ташнагӣ мехонд, мазмуни қиссаву романҳои бисёреро аз ёд медонист. Метавонист соатҳо бо дугонаҳояш дар бораи қиссаҳои хондааш баҳс кунад, вале ин гуна баҳсҳои зебодухтар барои дугонаҳояш ҷолиб набуданд. Суҳбат дар бораи адабиёт-ро зиёд дӯст намедоштанд, зеро тори зеҳнаон бори маънии гаронро бардошта наметавонист. Аксари онҳо шавҳару кӯдак ва хонаву дар доштанд ва меҳвари суҳбатҳояшон низ асосан аз боби хонадорӣ буд, на китобу дафтару адабиёт. Дар мавзӯъҳои сабук гуфтугӯро меписандиданд; фалонӣ бо шавҳараш «соз» аст ё не, ё фалонӣ куртаашро чанд сомон харидааст ва муҳимтар аз ҳама, аз кадом мағоза? Духтарак шеър хонданро ҳам дӯст медошт. «Шоҳнома»-хонӣ мекард. Симои барҷастаи Рустам ба дилаш нишаста буд. Дар умқи дил эҳсос мекард, ки ҳамранги Рустами паҳлавон мардеро интизор аст, мардеро, ки нотарсу ғаюру марди майдон бошад, мардеро, ки баҳри ӯ ҷонашро нисор кунад, қавӣ бошад ва аз мушкилоти рӯзгор натарсад, мисли кӯҳе бошад дар муқобили бодҳои дайдуи зиндагӣ ва наларзад. Ва духтарак дар канори ӯ худашро мисли тифле дар оғӯши гаҳвораи ноз тасаввур кунад. Аммо… Аммо то имрӯз ӯ чунин нафареро вонахӯрдааст, шояд вохӯрдааст, аммо дилаш ӯро нашинохтааст. Боре дар Фейсбук чунин навиштаеро диду хеле хандид: «Марди ҳақиқӣ май наменӯшад, сигор намекашад, занбозӣ намекунад ва… вуҷуд надорад». «Шояд ҳамин тавр аст?»-андешид ба худ, вале зуд ин фикрро аз сар берун кард, зеро умед дошт, ки бо марди ҳақиқии зиндагияш вомехӯрад, марди ҳақиқӣ вуҷуд дорад.
Аксари мардум зоҳирпа-растанд, ба симои зебо зуд шефта мешаванд, ғофил аз ин ки зери ин сурат чӣ сирате пинҳон аст. Ба бахти баландаш, духтарак ҳам зебо буду ҳам доно, сурату сираташ тавъам афтода. Аз ин рӯ, хостгорони беҳисобе дари хонаашонро ба умед мекӯфтанд, аммо ноумед бармегаштанд. Ё писанди дили модар намешуданд ё аз духтар. Интизор буд духтарак, вале интизори чӣ ё кӣ буданашро худаш дақиқ намедонист. Ӯ ишқро интизор буд, ишқи ҳақиқиро. Ва инак, ишқ дари дилашро кӯфт.
- Як бори дигар бинам, «онлайн» аст? - ба саҳифаи фейсбукаш беқаророна нигоҳи эътибор давонд. – Нест, хонаобод, як бор биёӣ, чӣ мешавад? Рӯз бегоҳ шудаасту аз ӯ дарак нест. Хислати одамӣ ҳамин аст, фаҳмад, ки дар дилат роҳ ёфт, худашро ширин мекунад, ба нозу адо мегузарад. Вагарна чаро пеш аз суҳбати ҷиддии дирӯзаамон гулборону дилборону шеърборонам мекарду имрӯз «дур мегурезад»? Ё маро танҳо санҷид? Мақсадаш ҷиддӣ набуд? Фақат хост фаҳмад, ки ба домаш меафтам ё не, ҳамин? Наход, бо ҳамин содагӣ бо тори эҳсоси як инсон бозӣ кунанд? - андешаҳои дилгиркунанда вуҷудашро такон дод, ғамгин шуд, нафасаш тангӣ кард. Ба коре дасташ напечид.
- Магар ишқ аст, ки танҳо ӯро дидан мехоҳам? Чаро маҳз ӯро? Охир, дар атрофи ман одам кам аст?-ба суолҳои беохираш худаш ҷавоб намеёфт. Аз шиддати фикр сараш ба занбӯрхона монанд шуд. Ноилоҷ дудаста сарашро дошта, чаккаҳояшро молид.
Духтарак дар олами интернет хеле фаъол буд ва дӯстони зиёде дошт. Бисёриҳо ба сӯяш бо чашми харидорӣ менигаристанд, дар «чат» аз саломборон ҷои гурез намеёфт, вале ҷиддият пешааш буд, ҳам дар олами маҷозӣ ва ҳам дар олами воқеӣ. Аммо ин дафъа дилаш ба дом афтод, дилаш ба ӯ хиёнат кард ва ба як ноошно моил шуд. Ҷавонро намешинохт, кисту аз куҷост, чикора асту чӣ мақсад дорад? Ӯ танҳо саломаш медоду ҳолпурсияш мекард ва духтарак низ кӯтоҳу муаддабона ҷавоби суол медоду ташаккур мегуфт. Тасвирҳои зебое ҳам мефиристод бо мазмунҳои гуногун. Духтарак ҳар субҳидам, баробари чашм кушодан аввал телефонро ба даст мегирифт. Аз бистар баланд нашуда, ҳама саҳифаҳояшро тафтиш мекард, кӯтоҳак аз ахбори ҷаҳон ҳам огоҳ мешуд. Одатан пеш аз хобидану пас аз бедор шудан охирину аввалин кораш тафтиши телефону шабакаҳои иҷтимоие буд, ки дар онҳо фаъолияти густарда дошт. Ҳамин ки телефонро кушода, вориди олами интернет мешуд, садои омадани салому паёмҳои бешумор, тасовиру ашъори баланд, ки мухлисону дӯстону ҳаводорони саҳифаҳои интернетияш арзонӣ ирсолаш медоштанд, чанд муддат бар фазои хона танин меандохт. Ва аз ҳама бештар «картинка»-ҳои зебои ӯ буд, ки пайи ҳам бо ҳар мазмун мерасиданд.
(Давом дорад)
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр