Нашрияи Омӯзгор

Модар фаришта буд

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Модарам Т. Имомова шастуҳафт сол умр диданд. Ҳангоме ки  падарам соли 1990 ба таври нобаҳангом фавтиданд, модарамон  39 сол доштанд. Минбаъд   танҳо худашон  ба тарбияи   мо, шаш нафар фарзандонашон  машғул гардиданд. Мо мактабхон будему  ба бисёр    корҳо сарфаҳм намерафтем, бинобар он, модарам тамоми корҳои хонаро бар дӯши худ  гирифта буданд. Ҳамон солҳо ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Ба хотири гуруснагӣ накашидани мо ба ҷумҳурии ҳамсоя  рафта, равған ва мавизу ғулинг оварда, дар бозор мефурӯхтанд  ва аз фоидаи он зиндагиро пеш мебурданд,  то дастнигари дигарон  нагардем.  Дар баробари ин, он кас   ба хотири савод омӯхтану таълим гирифтани мо, фарзандон, шабу рӯз ҷон мекоҳонданд.  Тӯли солҳо  роҳи рости зиндагиро нишон дода,  некӣ кардану дӯст доштан ва эҳтиром кардани  атрофиёнро   талқин менамуданд. Ӯ бо ҳаққу ҳамсоя, ёру дӯстон ва  хешону пайвандон муносибати хуби иносниву ҳамсоягӣ  доштанд.  Ниҳоят, мо,  шаш фарзандро ба воя расондаву соҳиби маълумот гардонданд. Аммо афсӯс, ки дар айёми роҳату шодмониашон ин дунёро падруд гуфтанд.Ёдашон ба хайру хонаи охираташон обод  бошад.       

Фирдавсӣ  МАВЛОНОВ,

директори мактаби рақами 78,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш