Нашрияи Омӯзгор

... Аз сафар бармегаштам. Аз сафари дуру дароз, пас аз заҳмату меҳнати фаровон.

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Таронаи ВатанОнҳое, ки бо ҳавопаймо бисёр сафар кардаанд, хуб медонанд, ки вақт дар роҳ, махсусан, дар ҳавопаймо чӣ қадар дер мегузарад. Як соат ба як рӯз баробар аст гоҳе. Ва садҳо андеша чарх мезанад гирди сар.

Фикри Ватан фарогирам шуд. Хостам Ватанро биситоям. Ҳамаи навиштаҳои шоирони намоёну ноаёни муосирро хаёлан варақгардон кардам, аммо чизе табъи дилам наёфтам. Ба гумонам, ҳамаи онҳо аз 20-25 калимаву мафҳуми меҳварӣ таркиб ёфтаву маҳсули мусобиқаи ноаёне буданд дар суханпардозиву қофиябозӣ ва шиорсозӣ. Ситоише беҳтар аз ин як мисраъ пайдо накардам, ки кайҳо гуфта шуда:

Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар.

Каме мутаассиф шудаму пинак рафтам. Чун боз ба худ омадам, хостам Ватанро бисароям. Ҳама сурудҳои ҳунармандони муосири машҳуру номашҳурро дар васфи Ватан ба ёд овардам, аммо танҳо оҳанги “Марселеза”-ву “Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ дар сарам танинандоз мешуд. Оҳангҳо ба назарам сохта менамуданд, дар сурудан гоҳе ҳиҷои кӯтоҳ кашида мешуду ҳиҷои дароз кӯтоҳ. Ин ҳам мисли мусобиқаи ноаён ба назар расид дар оҳангбофиву овозбарорӣ. Боз чизе гуворотару гӯшнавозтар аз ин суруд пайдо накардам, ки як байтакаш чунин аст:

Ватан, дар ҳар куҷо омад

ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯйи уқёнус

бишнидам садои ту.

Боз худамро нороҳат ҳис кардам. Аммо илоҷе ба ҷуз сабр надоштам, то ба манзил бирасам...

Ба ҳавлӣ даромадаму Модарро дидам, ки дар зери дарахт нишаста захми сӯзан мезад. Садо додам:

–  Ассалом, буваҷон! (на “модарҷон”, ки менависанду менависонанд, мехонанду мехононанд...)

Ва дар ҳамин як лаҳзае, ки ба соатҳо баробар шуд, эҳсос кардам, ки ин ду калимаяки содаву самимӣ ситоише буд дар васфи Ватан!

–  Мурам туба, балот занад, омадӣ?

Ин ҷавоби Модар буд бар саломи ман. Ва боз ҳам ба хубӣ ҳис кардам, ки ин беҳтарин суруде буд дар васфи Ватан! Ончунон самимӣ, ончунон табиӣ!

Модар маро ба оғӯш гирифту ман Модарро. Модар фарзанди худро дар бағал кашиду ман гӯё Ватанро оғӯш кардам!

Шабонгаҳ, вақте ҳанӯз бӯйи Модар бар машом  буду суруди Ӯ дар гӯшам садо медод, ғарқи андеша шудам:

“Калон шудам. Одаму оламро дидам. Ақлам даромад. Дастонам корсоз шуданду пойҳоям пару бол. Аммо то он ҷо, ки чунин шавам, Модар ҳамаро ба ман бахшид. Чӣ метавон кард бар ивазаш?”

Аз миёни садҳо ҷавоб, ки дар байнашон ҷумлаҳои сохтаву бофтаи рангин низ буданд, ин як ҷавобро барои худ пазируфтам:

“Меҳнат мекунам. Заҳмат мекашам. Ҳар куҷо ва дар ҳар вазифа, ки бошам, нони ҳалол пайдо мекунам.”

Ва ҳоло ки бо ёрии айнаку давоҳо даст рӯйи коғаз мебараму китобу мақола менависам ва ё ба шогирдонам сухан мегӯям, ҳис мекунам, ки дар ҳар вожаи сода низ ситоиши Ватан ниҳон аст. Ҳар шом, ки сари дастурхон менишинаму нони ҳалолро бо пайвандонам нӯши ҷон мекунам, оҳанги хӯрдану нӯшидан чун суруде дар васфи Ватан ба гӯш мерасад...

 

Азим Байзоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш