Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо ҷон сипари ин Ватанем» ҳамоиш баргузор шуд. Дар он Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, сарояндаи ансамбли «Диловарон»-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршеди Абдуҳалим, шоир Мунавваршоҳ Ғиёсов, Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Николай Мелексетов, мудири шуъбаи варзиш ва тарзи ҳаёти солими МҶМТИ, полковник Гулмурод Тағоев иштирок карданд. Дар ҳамоиш меҳмонони маҳфил дар бораи таърихи ташкили Артиши миллӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ва оромию осудагии мардум суханронӣ карданд.
Х.Абдуҳалим ва Г.Тағоев (собиқ роҳбари оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ) бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр