Тайи чанд соли охир мақолаҳои зиёди адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон дар бораи миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва осори адабиёти муосири тоҷик ва ҷаҳон чоп мешавад.
Ба наздикӣ китобе бо номи «Сарводаи Ватан» чоп шуд, ки дар он адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ин дафъа ба ашъори меҳанпарастонаи шоири номдори тоҷик Рустам Ваҳҳобзода бо диди илмӣ, таърихӣ ва фалсафӣ менигарад.
Асари мазкур аз ду бахш иборат аст. Дар бахши аввал Ҳафиз Раҳмон дар бораи арзишҳои ҳунарии ашъори ватанпарастонаи Рустам Ваҳҳобзода сухан гуфтааст. Дар бахши дуюм намунаҳои шеърҳоеро овардааст, ки шоир дар бораи ватану худшиносӣ эҷод намудааст.
Рисола бо муқаддимаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Низом Қосим оғоз мешавад.
Дар ҳақиқат, Рустам Ваҳҳобзода аз даврони донишҷӯӣ, аз нахустин шеърҳояш, ки дар аввалҳои солҳои 80 –и садаи ХХ эҷод шудаанд, аз дилу ҷон ва эҳсоси баланд дар васфи миллат ва ватан шеър мегӯяд. Ӯ аз ҳамон солҳо Ватанро дар пайванди таъриху тамаддуни гузаштааш ситоиш менамояд, ки Низом Қосим дар идомаи суханҳои боло ҳақбинона ва мушоҳидакорона гуфтааст: «Ватан барои Рустам Ваҳҳобзода фақат як пора хоки муқаддас нест, эҳсосу идроки зинда аст, таъриху фарҳанг аст, расму оин, иду маросимҳои миллист, Авастову Саразм, Спитамену Муқаннаъ, Ҳулбуку Афросиёб, Сосону Сомон, Бухорову Самарақанд ҳам ҳасту Душанбеву Нораку Роғун, Айниву Ғафурову Турсунзода, шаҳрҳои бостону ҷавон ва ҳанӯз комилан бунёднаёфтаи замони истиқлолияти кишвар – Сай-ҳуну Раҳмонобод ҳам; яъне, ҳам гузаштаи пурифтихорест, ки бо ёдаш метавон сар ба гардун афрохт ва ҳам имрӯзи бунёдкору фардои зебошиоре, ки мебоядаш сохт; ҳам мардони бузурге, ки имрӯз дар дилу дидаҳо ҷоянд ва ҳам тифлони ширбӯе, ки ҳанӯз чорғовак мераванду мардони подори фардоянд. Шоир аз номи онҳо менависад, барои онҳо хуни ҷигар кам мекунад, савганди ватанхоҳиву миллатдӯстиаш ба номи ин рамзҳои зиндаи Ватану миллат аст».
Дар китоб андешаҳои Ҳафиз Раҳмон зери унвони «Самимияти ифода ё ифодаи самимият» оид ба ашъори Рустами Ваҳҳобзода баён гардидаанд. Тавре ки муаллиф ишорат намудааст, ӯ ба таври иҷмолӣ ба арзишҳои эстетикии ашъори меҳанпарастонаи Рустам Ваҳҳобзода назар меандозад. Пажӯҳанда дуруст мегӯяд, ки «аз мавзӯи ватану ватандорӣ дида дар адаби бадеӣ ҷовидонатар мавзӯе нест, чун ҳама мавзӯоти арзишманди дигар, аз қабили меҳри модар, сидқу сафои муҳаббат, дӯстиву шафқат, родмардиву сахо, ҳама реша дар хоки муқаддаси ватан доранд».
Дарвоқеъ, аз замонҳои пеш мардум ба ватан муҳаббат доранд, онро дар сурудаҳо, устураву афсонаҳо, зарбулмасалу мақолҳо ситоиш намудаанд. Ҳафиз Раҳмон ба тасдиқи фикри болои хеш бо такя ба зарбулмасали «хоки ватан аз мулки Сулаймон хуштар» ва «амири беватан хору залил аст» аз шоир чунин ёд менамояд: «Устод Рустам Ваҳҳобзода аз ҳамин қабил шоирон аст, ки қисмати аъзами ашъораш ба гиромидошти ватан ва эҳсосоти наҷиби ватандорӣ марбут аст. Ашъори ватанпарастонаи ӯ ончунон саршори завқ ва табъи салими гӯяндааш ҳастанд, ки бо як бор мутолиа кардан дар оинаи тафаккур тасаввури рӯшанеро аз гирудори ишқи ватандорӣ ҳосил мекунанд ва ҳиссу ҳаяҷонро дар сатҳи баланд меангезанд».
Ӯ оид ба маҳорати шоир сухан ронда, зимнан аз гуфтаи адиби машҳури олмонӣ Гёте ёдовар мешавад, ки барои дарки амиқтари дили шоир ба ватани ӯ сафар бояд кард. Ҳ. Раҳмон ба тақвияти ин гуфтаи Гёте гуфтаҳои Қайсин Қулиевро оварда, ишорат менамояд, ки барои шинохтани ватани адиб, пеш аз ҳама, шеъри шоирро бояд мутолиа намуд. Агар хонандаи зирак бодиққат ашъори шоиронро бихонад, ҳатман дар онҳо ситоиши зодгоҳро мебинад. Дар ин маврид Ҳафиз Раҳмон ҳақбинона ёдовар мешавад: «Шоире нест, ки ба зодгоҳаш аз зовияи шеър боре назар накарда бошад, Рустам Ваҳҳобзода низ истисно нест. Ҳатто ҷойе аз ҷӯшу хурӯши меҳр Тоҷикободашро тимсоли Шарқ номидааст». Сипас, чун намуна чанд сатри зебову дилнишинро меорад, ки аз як тараф хонандаро ба фикр намудан водор намояд, аз тарафи дигар меҳри ӯро ба Ватан бештар месозад.
Як ҷиҳати назарраси таҳқиқи Ҳафиз Раҳмон дар он аст, ки ӯ барои дарки бештари мавзӯи ватанхоҳию ватандӯстӣ ба диди мардум, шоирони пешин ва ҳамчунин ба андешаи файласуфону пажӯҳандагони адабиёт такя намуда, моҳияти аслии масъаларо ба хонанда мефаҳмонад. Ӯ барои тасдиқи фикри худ дар мавридҳои муносиб ба гуфтаҳои Афлотун, Ф. Шиллер, И. Кант, Н.А. Добролюбов, Д.И. Писарев, Х. Шарифзода, адибони машҳур Гёте, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Собир, Қ. Қулиев ва дигарон ишорат менамояд. Ба ин васила моҳияти ашъори шоирро барои хонанда мефаҳмонад.
Ҳ. Раҳмон яке аз ғазалҳои меҳандӯстонаи Р. Ваҳҳобзодаро, ки «Тасбеҳи ашк» ном дорад, бо эҳсоси олимона мавриди таҳқиқ қарор дода, бо муҳаббат мегӯяд: «Ин ғазалро бино ба истеҳкоми маънӣ, кандакории ҳар ибораву калима, таровату салосати сухан, ҳиссиёти ҳаяҷонангез, тарзи бағоят самимонаи баёни мақсаду армон метавон гимни сидқу сафои ватандорӣ номид».
Бале, Ҳафиз Раҳмон эҳсоси махсуси шоирро, ки ҳар адиб ба таври худ онро дар ашъораш тасвир менамояд, хеле хуб дарк карда, ба ҳунари образофаринӣ, зебоишиносӣ, таносуби ақлу калому эҳсоси эҷоди шоир мафтун мегардад, ки он бояд дар оянда аз ҷониби пажӯҳандагони нозукбин мавриди омӯзиши бештар ва дақиқтар қарор бигирад. Муҳаққиқ дар ҳамин росто дар шеъри Рустам Ваҳҳобзода на танҳо ҷиҳатҳои эстетикии онро мебинад, балки диди равоншиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва андешаҳои психолингвистикӣ доштани шоирро ба ёд меорад.
Пажӯҳанда аз шеърҳои нобу хотирмони адиб – “Ватан”, “Ёд”, “Ё соқӣ”, “Хатти фардо”, “Пайғом”, “Меҳан”, “Меҳрнома”, “Ошёни меҳр”, “Тоҷикистон”, “Дарди воло”, “Ихлос”, “Авҷи шаҳомат”, “Намози дил” ёдовар шуда, дар бораи яке аз онҳо - шеъри “Ватан” назари худро ба таври зерин баён намудааст: “Шеъре, ки аз ҳар байташ нидои сидқу сафои ботини гӯяндааш ба гӯши ҳуш мерасад, шеъре иборат аз розу ниёзи қалби саршор аз шавқу завқи шоир ба мамдӯҳаш, ки ватан аст, шеъри хитоба, ки самимияти ифода ва ё ифодаи самимият дар он ба авҷи камол ва қуллаи ҷамол расида. Тасвир ончунон табиӣ ва сидқист, ки ҳар касеро ба ваҷд меорад: қаҳрамони шоир аз фитнаҳои олам ҷонпаноҳе (ифодаи тоза) ҷуз ватан надорад, ягона гуноҳаш – меҳри ватан аст, сар ба пойи ватан ниҳодан ва агар ин иштибоҳ бошад, омодаи сар ба дор шудан ғояти лутфу сафост, тасаввури мардумии кулоҳи сар иваз накардан, чунки хосияти баде дорад ва ин маъниро ба якто будани Ватан пайванд додан, дар бисоти гӯяндаи шеър ҷуз нафаси ба хун тапида ба ёди Ватан чизе намонда – инҳо ҳама аз табъи салим ва зеҳни мустақими шоир гӯиё фаввора задаанд. Агар як маънои пафос – ҷӯшу хурӯш бошад, пас, ин шеър саропо ҳамин гуна рӯҳияи осмонӣ ва навъе иффату рози ирфонӣ ҳам дорад».
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр